1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мукофотонидани 67 ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо тибқи рӯйхати замимагардида 2 040 000 (ду миллиону чил ҳазор) сомонӣ ҷудо намояд.
Шарҳи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сарфароз гардонидан бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ
Соҳаи варзиш ва варзишгарони касбӣ ҳамеша зери дастгирӣ ва қадршиносии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, заҳматҳо ва дастовардҳои онҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, ки воситаи муаррифии шоистаи миллату давлат дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад, қадрдонӣ мешавад.
Маблағи умумии ҷоизаҳо 2 040 000 (ду миллиону чил ҳазор) сомониро ташкил дода, барои як варзишгар вобаста ба натиҷаи варзишӣ то 150 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар заминаи қадршиносиҳои мазкур сол то сол натиҷаҳои варзишии варзишгарони кишварамон афзун гардида, ба хазинаи варзишии кишвар дар ин давра 510 медал, аз ин 140 тилло, 166 нуқра ва 204 биринҷӣ ворид гардидааст.
