Санаи 31 – уми марти соли 2023 дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, бахшида ба 10 – солагии таъсисёбии Донишкада намоиши асарҳои эҷодии донишҷӯёни тамоми ихтисосҳои амалкунанда таҳти унвони «Аз Наврӯз то Наврӯз» баргузор гардид. Дар намоиш як қисми захираи фонди методӣ, ки дар давоми 10 соли фаъолият ҷамъоварӣ шуда буданд, ба намоиш гузошта шуд.
Дар намоиш муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Ҳамидова Наргис, раиси Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон Рузиматов Парвиз, Арбобони санъат ва дигар намояндагони самти санъати тасвирӣ ва дизайни ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Намоиш то санаи 1 – майи соли 2023 идома хоҳад ёфт.