Гузориш аз ҷараёни корҳои фаҳмондадиҳи вобаста ба Озмуни ҷумҳуриявии “ТОҶИКИСТОН- ВАТАНИ АЗИЗИ МАН” ва муаррифии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон аз ҷониби муовини ректор оид ба илм ва корҳои эҷодӣ н.и.т., дотсент Одиназода Бахтиёр Эмомалӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Лозим ба ёдоварист, ки ҳадаф аз вохӯриҳои мазкурро пеш аз ҳама бурдани корҳои фаҳмондадиҳи нисбат ба Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон- Ватани азизи ман”, махсусан аз номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн, ҳамзамон муаррифии ДДСТДТ, шинос намудани хатмкунандагон бо равияҳо, ихтисосҳо ва шароиту имкониятҳои касбомӯзи дар муассисаҳои мазкур, шарҳу тавзеҳи мафҳум ва моҳияти касбу ҳунар, роҳҳои дурусти интихоби касб, ҳамзамон ҷалби наврасону ҷавононро ба омӯзиши касбу ҳунар дар Донишкада, ташкил медиҳад.