Ҷӯроби бадахшонӣ  Ёғибекова Бика Турдибековна омӯзгори кафедраи графика ва санъатшиносии

                                         Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
 Аннотатсия.
Дар мақола маълумоти мукаммал дар бораи гулбофӣ дар ҷӯроби бадахшӣ, бахусус дар тарзи бофтани яке аз қавмҳои эронитабори муқими Бадахшони Тоҷикистон, водии Вахон ва намудҳои нақшу нигор дар ҷӯробҳои шуғнониву бартангӣ гирд оварда шудааст.
1). Калидвожаҳо:дук, зағирпоя, канаб, пахтасанг, пилла, рувон, симурғ, халлоҷӣ.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд:
«Рушди мунтазами соҳаи фарҳанг, ки ба беҳдошти дунёи маънавии инсон таъсири амиқ гузошта, ҷаҳонбиниву тафаккур, зеҳну шуур, майлу раѓбати зебоиписандӣ ва ҳунари эҷодгариву анъанаҳои мардуми фарҳангсолори моро ташаккул медиханд, дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Зарур аст, ки аҳли эҷоди кишвар – олимон, ходимони адабиёту театр, санъати тасвирӣ, мусиқӣ, кино ва дигарон низ бо дарназардошти ин рисолати инсонсозии фарҳанг ба рушди ҳамаҷониба ва мунтазами он таваҷҷуҳи боз ҳам бештар зоҳир намоянд.
Бо шарофати соҳибистиқлоли мо дар самти ҳифзу нигаҳдории мероси фарҳангии халқи куҳанбунёдамон тамоми тадбирҳои имконпазирро андешидем ва дар даврони начандон тўлонӣ ба эҳё кардану таҳким бахшидани асолати миллии забон ва фарҳанг, ки рукнҳои асосии давлатдорӣ мебошанд, муваффақ гардидем. Фарҳанги миллии мо заминаҳои устувор дошта, бо таъриху анъанаҳои қадима ва гуногунрангиву хусусиятҳои хоси худ, аз ҷумла осори хаттии нодир, мусаввараҳои камназир, мусиқии «Шашмақом»,«Фалак» ва садҳо дастоварду падидаҳои дигари ҳунару адаб имрўз дар ҷаҳон машҳур аст.
Ин мероси пурѓановати миллиро ҳифз кардан ва таъмин намудани рушди минбаъдаи он вазифаи на танҳо давлат, балки қарзи виҷдониву инсонии ҳар як фарди соҳибфарҳанги кишвар, махсусан зиёиён мебошад». [5. 3 саҳ]

Мувофиқи фармонҳо ва пешниҳодҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ  Раҳмон ва касбу ҳунарҳои ниёгон аз нав эҳё гардида, дар ин замина корхонаҳои саноатӣ, коргоҳҳои гулдӯзиву зардӯзӣ, қолинбофӣ, тоқидӯзӣ ва дигар либосҳои  миллӣ  ташкил  гардиданд.
Натиҷаи  дастуру  ҳидоятҳои ғамхорона буд, ки дуюми апрели  соли 2014  дар маркази шаҳри Хуҷанд  бо иштироки Президенти кишвар  Эмомалӣ  Раҳмон Маркази таълимӣ ва истеҳсолии ҳунарҳои мардумӣ,  қолинбофӣ ва гулдӯзиву  зардӯзии   “ Шероз” дар назди Ҷамитяти саҳомии шакли кушодаи “Зинат” ифтитоҳ гардид. [1.4 саҳ] Санъати гулкашию гулпартоӣ, хаткашию тарҳкашӣ асоси санъати
ороишдиҳӣ мебошад. Ҳунар зебоии нақшу нигори дилписанди тоҷик аст. Агар одамони диёри мо меҳнатдусту зебопараст намебуданд, мо ҳоло аз лаззати тамошои фараҳбахши ин зебоӣ маҳрум мебудем, вале хушбахтона табиати инсон чунин аст, ки зиндагӣ бе зебоӣ барояш мушкил мебошад.
Кофтуковҳои бостоншиносӣ шаҳодат медиҳанд, ки аҷдоди мо ҳанӯз дар асрҳои XV- и  пеш аз милод ба бофандагӣ  машғул буданд. Усулҳои корҳои ресандагию  бофандагӣ  тайии солҳо дастӣ буда, танҳо дар асрҳои миёна рӯ ба тараққӣ ниҳоданд. Аз дуку чарх то халлоҷӣ, аз халлоҷӣ то дастгоҳҳои оддӣ ва дастгоҳҳои механикию  автоматии пуриқтидор такмил дода шудаанд.
Маснуоти асосии корҳои бофандагӣ: пахта, муина, пилла, зағирпоя, канаб, пахтасанг ва ғайра ба ҳисоб мераванд. Аз моддаҳои кимиёвӣ низ матоъ тайёр мешавад. Матоъ вобаста ба маснуоти кор бо матоъҳои  аслӣ ва сунъӣ ҷудо мешаванд. Гурӯҳи матоъҳои аслӣ матоъҳое мебошанд, ки аз матоъҳои табиӣ, яъне аз пахта, муина, пилла зағирпоя, канаб бофта шудаанд.
Бояд гуфт, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатии Тоxикистон дар ҷумҳурӣ тамоми соҳаҳои санъат: наққошӣ, кандакорӣ, бахядӯзӣ, заргарӣ ва ғайра хело ҳам равнақу ривоҷ ва густариш ёфтаанд, метавон гуфт, ки ин ҳама меваҳои ширини Истиқололият мебошанд, ки ба пешрафти куллии тамоми соҳаҳои ҳаёти  ҷомеаи мо такони ҷиддӣ бахшид.
Гулбофӣ яке аз ҳунарҳои  ҳунари хосаи духтарон ва бонувони бадахшонӣ буда, таърихи  қадима дорад. Гулбофиҳои бонувони  Бадахшон аз дигар музофоти  кишварамон бо хусусиятҳои хоси худ фарқ мекунанд. Пеш аз хама табиати зебои кӯҳистон, қуллаҳои сарбафалаккашидаи ин диёр, манзараҳои обшорону дарахтони нодир дар эxоди бонувони гулбоф таъсиргузор аст, ки ин хусусиятхо дар гулбофихои дигар минтақаҳо бо дигар тарз мушоҳида мегарданд. Истифодаи рангҳо дар ин гулбофихо  махсусияти худро дорад
Ҳунари ҷӯроббофии бонувони Бадахшон аз замонҳои хеле rадим оғоз ёфта то замони мо расидааст. Ин ҳунари мардуми дар асрхои VII-VIII хеле рушд карда буд ва ба ҳар сайёҳ ё меҳмоне ,ки ба ин минтаrа сафар менамуд ҳатман ҷӯробро туҳфа мекарданд. Ҳамин тавр, ин ҳунари дастони бонувони точик марзро убур намуда, то ба кишварҳои ҳамсояи Чин, Ҳиндустону Покистон, Афгонистону Эрон мерасид. Пашме, ки аз он ҷӯроб бофта шудааст, нақшу нигор ва ранги он бисёр олимони соҳаи фарҳангу ҳунарро ба ҳайрат меовард. Маҳсулоте, ки дар бофтани ҷӯроб аз он истифода мебаранд, комилан табиӣ мебошад. Дар бештар маврид пашми гӯсфанд, уштур ва бузҳои ангориро ба кор мебурданд. Пашмро бо гулу гиёҳҳои табиӣ ранг мекарданд. Ранги гулобиро аз  гиёҳи рувон, ранги зардро аз гули хор, ранги зарди торикро аз пӯстлохи дарахти зардолу ё чормагз омода мекарданд. [3. 104-105саҳ ] Барои бофтани ҷӯроб сихро аз химчаи дарахтоне,ки  шохаҳояшон мустахкаманд, месохтанд. Аз ин рe рангашон аз таъсири обу офтоб  тағйир намеёфт ва солҳои дароз одамон аз он истифода мекарданд. Аз номхои нақшу нигор аён аст , ки бештарашон аз табиат гирифта шудаанд. Ба монанди “Пари товус“, “Думи каждум“, “Моршакл“, “Ориёгул”, “Камони Рустам”, “Абри сари кeҳ “ ,умуман шумораашон то ба 60 намуд мерасад.
Бонувони бадахшӣ дар санъати гулбофӣ, бештар   пашми нарму маҳини гусфандро интихоб мекунанд. Ҷeроби нақиши помирӣ аз қадим то имрӯз шуҳрати худро гум накрдааст. Азбаски боду ҳавои ин музофоти мамлакат аз дигар минтаrаҳои кишвар нисбатан сардтар аст, маҳсулоти гулбофии пашмин бештар муштарӣ ва харидор дорад. [3. 104-105саҳ] Бонувони гулбоф на фақат  дар бофтани ҷӯроб, балки дар омода кардани пешдоман, камзӯлча, ҳатто, куртаву  поҷомаҳои  рангаи пашмин низ чирадастанд. Маҳсули  ҳунари ин бонувон ба чакандӯзиҳои  бонувони музофоти ҷануби  мамлакатамон  як навъ умумият ва шабоҳате низ дорад.   Фаrат агар бонувони хатлонӣ дар офаридани чодар , рӯмол,куртаву поҷомаҳои занона риштаи абрешимро интихоб намоянд, бонувони бадахшӣ риштаро аз пашм омода сохта,онро мувофиқи табъу завқашон ранг мекунанд.Умумият ва шабоҳати маҳсулоти чакани бонувони хатлонӣ бо маҳсулоти гулбофиҳои бонувони бадахшонӣ дар тасвирҳои онҳост.Тасвири моҳу хуршед,ситораҳо,каҷакҳои  шабеҳ,инъикоси манзараҳо ва ғайра баъзан бо ҳам наздикӣ мекунанд.
Маҳсулоти санъати гулбофии кӯҳистонӣ дар ороиши композитсионӣ, тасвирҳои хос ва нодири он зоҳир гаштааст. Дар ин тасвир бештар гули шамшод, наботот, ҳайвонот, парандаҳо,махсусан,парандаиафсонавӣ – симурғ гулбофӣ мешаванд.
Зебогии ороишу нақшу нигор аз ҷилову дурахш ва таносуби силсилаи рангҳо вобаста аст. Аслан, бонувони бадахшӣ ба силсилаи рангҳои равшану барҷаста майл доранд. Ин барҷастагии рангҳо дар гулбофиҳои ороишии композитсионии ҷӯробҳо, паласҳо ва дигар гулдӯзиҳо мушҳоида мешаванд.
Санъати гулбофӣ аз қадимулайём писандидатарин риштаи ҳунари тасвирии тоҷикони кӯҳистони Бадахшон аст. Дар Бадахшон, дар водиҳои Бартанг,Вахон ва Шуғнон ин ҳунар аз қадиммулайём маъмул аст. Ҳарчанд санъати гулбофии онҳо аз ҷиҳати ороиш ва истифодаи рангҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Масалан, дар Вахон бештар ду намуди гулбофb,ҷӯроббофӣ ва бурҷбофӣ ривоҷ дорад. Дар ҳунари бурҷбофӣ фақат риштаи пашмини сафеду сиёҳ истифода мешаванд, аммо ҷӯроб бо истифодаи рангҳои гуногун ва нафис омода мегардад.
Гулбофиҳои ороиширо, асосан барои тeйҳои арӯсию домодӣ омода мекунанд. Маҳсулоти гулбофӣ дар замонҳои пеш ( баъзан то имрeз) ба шумули талаботи маҳри арӯсӣ дохил карда мешуд. Бинобар ин,бонувони бадахшӣ ҳанӯз аз айёми кӯдакии фарзандаш ба омода кардани маҳсулоти ороишии гулбофӣ аз синни 10 – 12 солагӣ ҷалб менамоянд.
Пас аз солҳои ҳафтодуму ҳаштодуми асри гузашта ҳунари ҷуроббофӣ  дар байни занону духтарон  тарғиб мешуд ва он фақат дар деҳоти дурдаст ба  мушоҳида  мерасид. Аз ин рӯ, баъзе  аз нақшу нигорҳо  ба тадриҷ фаромeш шуданд. Хушбахтона, дар бойгони Маркази эҷодиёти халқ ва фарҳанги вилоят нусхаи аксарияти ин нақшу нигор маҳфуз мондааст ва  дар замони Истиқлолияти давлатӣ онҳо дастраси бонувони ҳунарманд  гардиданд. [4.6 саҳ].
Дар гулбофӣ мисли гулдӯзӣ бошад, танҳо  нақш аз рӯи нусха дӯхта мешавад.Аслан. дар санъати гулбофӣ ду навъи гулдӯзӣ — сиёҳу сафед ва бадътар бо рангҳои гуногун маъмул аст. Гулбофӣ навъи санъати ороишиву амалӣ соҳаи ҳунармандиест, ки таввасути риштаи пашмин бо нақшҳои гуногун дӯхта мешавад.Чунин тарзи бофтан бо нафосати шукӯҳии бадеии худ фарқ мекунад.Дар сарчашмаҳои  адабию бадеӣ ва таърихӣ оид ба ҳунарҳои ниёгонамон гуфтаҳо ва навиштаxоти сайёҳони хориҷӣ оварда шудаанд,ки дар давраҳои мухталиф ба шаҳрҳои Осиёи Миёна омада буданд.Чунин сару либосро аҳли ҷоҳ мепӯшиданд. Дар давраи қадим барои тайёр намудани ҷӯроб аввал пашмро бо дук ё чарх ресида баъд онро бо рангҳои табиӣ ранг мекарданд.Барои мардон аз пашми сафед ва барои занон сиёҳу сафед мебофтанд.
Дар шароити кунунӣ  барои тарғибу ташвиқи фарҳанги аслии миллӣ шароити мусоид  фароҳам оварда шудааст. Аз солҳои ҳафтодум ва ҳаштодуми асри бист ҷӯробҳои бофтаи бонувони Бадахшон дар осорхонаҳои Россия, Германия, Британияи Кабир борҳо ба намоиш гузошта шудаанд. Бо истифода аз шабакаҳои гуногуни телевизионии  мамлакат  ва сомонаҳои интернетӣ сокинони вилоят имкон доранд,  ҳарҷӣ бештар  мардумаш ҷаҳонро ба расму ашъор ва ҳунарҳои  мардумӣ халқамон шинос созанд.
Баъди соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудан соли 2018 дар ҳудуди вилоят, аллакай, даҳҳо мактабӣ ҳунари оилавӣ ташкил шудаанд, ки  мақсадашон  ба насли наврас ёд додани асрори ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла ҷeраббофӣ, мӯҳрабофӣ, сабатбофӣ ва амсоли инҳо мебошад, ки ин барои аз байн нарафтани ҳунарҳои нодири мардумb мусоидат менамояд.     Тавассути ҳунармандони халқӣ ва рассомон ин либосҳои миллӣ дар давоми солҳо такмил ёфта, бо рангу тобиши нав то замони мо расидаанд.
Асосгузору сулҳу – ваҳдат, Пешвои миллат дар ҳамаи баромадҳо ва вохўрӣ бо мардум таъкид  мекунад, ки урфу одат, анъанаҳои миллӣ ва либосҳои миллии худро фаромӯш насозанд ва онҳоро такмил диҳанд Дар рўзҳои ҷашну маъракаҳои хурсандӣ онҳоро ба бар кунанд. Мақсади баргузории конференсияи мо ҳам аз он иборат аст, ки рассомону тарроҳони мо минбаъд низ либосҳои  миллиро  мавриди  назари худ қарор дода, аз ин либосҳо дар асарҳояшон васеъ истифода бурда ва ба ҷаҳониён санъати миллии тоҷиконро муаррифӣ менамоянд.
Адабиёт:

  • Бобоxонова Ш.У, Шамсиева А.Н .Технологияи корҳои оришӣ — амалӣ  ( дастури таълимӣ- методӣ ) .- Хуҷанд.2014.92 саҳ
  • Ёғибекова Б.Т. Гулбофи ҳунари аҷдодӣ //Фирeза.№11ноябри соли 19 саҳ
  • Народное Искусство Памира.-Душанбе : 2009. 173 саҳ)
  • Омӯзгор // ҳунарҳои мардуми – ҷузъи фарҳанги миллат.№ 9

(12130).- 1марти соли 2018. 6 сах

  • Садои мардум // Мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиёни мамлакат №32. – 22 – марти соли 2017. 3 саҳ.
  • Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. — Душанбе: Сарредаксияи Илмии Энсиклопедияи советии тоҷик. – 1988
  • Юсупова М. Д, Б.Э.- Практикуми технологӣ. Қисми 2. — Хуҷанд:

Нури маърифат.2014. 56 саҳ