Таҳти ҳамин унвон дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 8 март- Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ректори донишкада Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат ба ин муносибат бо таманнои саломатии бардавом, хушбахтӣ, хонаободӣ ва баракати рӯзгор бонувони донишкада ва дар симои онҳо тамоми занони ҷумҳуриро муборакбод гуфта, қайд намуд, ки зани тоҷик табиатан тарбиятгари тавоност ва имрӯз модарону хоҳарони азизи мо рисолати хешро дар ҳама самтҳои ҳаёти кишвар, бахусус, соҳаи маориф, сарбаландона ба ҷо оварда, насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, садоқат ба анъанаҳои неки ниёгон, гиромидошт ва ҳифзи арзишҳои миллӣ тарбия мекунанд.  Аз ин рӯ, сазовори ҳурмату эҳтироми баланди аҳли ҷомеа гардиданд.

Сипас, омӯзгори кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарии донишкада Сайнуриддин Акобиров роҷеъ ба модар ва васфи бузургии он аз сӯи алломаю нобиғаҳои  дунё ва таърихи таҷлили Рӯзи Модар дар ҷумҳурӣ баромад карда, чанде аз донишҷӯён дар ситоиши модар шеърҳо қироат намуданд.

Чорабинии тантанавии фарҳангӣ бо рақсу сурудҳои дилнишини консерти муштараки гурӯҳи донишҷӯёни санъаткори донишкада ва коллеҷи ба номи Аҳмад Бобоқулов хотима ёфт.