Аз 14 то 18 октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе 16-умин бозиҳои  Делфии ҷавонони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шуда гузаштанд. 17 октябр дар толори Намоишгоҳи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн Тоҷикистон Бозиҳо дар равияи “Санъати тасвирӣ” ва “Ҳунарҳои бадеӣ” ҷамъбаст гардиданд.

Ҳакамон ғолибонро муайян намуда бо медалу дипломҳо мукофотониданд. Аз ҷумла, дар гурӯҳи аз 18 то 21-сола бо медали тиллои бозиҳои 16-умин Делфии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти “Санъати тасвирӣ”, Макашева Томирис аз Ҷумҳурии Қазоқистон, бо медали нуқра Шербич Марта аз Ҷумҳурии Беларус ва бо медали биринҷӣ Остонаева Марҷона аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Дар гурӯҳи аз 14 то 17-сола; бо медали тилло иштирокчӣ аз Федератсияи Россия Мурашко Купава, бо медали биринҷӣ Шаропова Мадина аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шуданд.

Дар самти “Ҳунарҳои бадеӣ” дар гурӯҳи 19 то 24-сола Миров Муҳаммадҷон сазовори медали тиллоӣ, Муҳаммадҷони Ҳикматзода сазовори медали нуқра ва Азимова Луиза аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори медали биринҷӣ гардиданд.

Дар гурӯҳи аз 15 то 18-сола медали тиллои насиби иштирокчи аз Федератсияи Россия Гаманюк Полина, медали нуқра насиби Юлдашева Зуҳал аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медали биринҷӣ насиби иштирокчии Ҷумҳурии Қазоқистон Айтбекова Нурай гардид.

Аъзои жюри инчунун дипломантҳои бозиҳои 16-умин Делфиийро дар самтҳои “Санъати тасвирӣ” ва “Ҳунарҳои бадеӣ” муайян намуд. Инҳо:

Дар гурӯҳи хурдсолони “Санъати тасвирӣ”: Жумагулова Назим (Қазоқистон), Алиҷонова Машҳура (Узбекистон), Самия Ҳасан қизи (Узбекистон).

   Дар гурӯҳи калонсолони “Санъати тасвирӣ”: Эбейдолла Акбота (Қазоқистон), Хуҷамуроди Мирзохоҷа (Тоҷикистон), Хапина София (Федератсияи Россия) буданд.

   Дар гурӯҳи хурдсолони “Ҳунарҳои бадеӣ”: Аблақулова Нилуфар, Аминаи Баҳодур ва Хайдаров Усмонҷон (ҳар се аз Ҷумҳурии Тоҷикистон).

   Дар гурӯҳи калонсолон: Кириллова Людмила (Беларус), Гулмадова Шаҳноза (Тоҷикистон) ва Муллоҷонов Фаррух (Тоҷикистон) буданд.

   Ҳайати жюрии сатҳи баланд ҳамаи иштирокчиёни бозиҳои Делфийро табрик гуфта, дар корҳои эҷодии онҳо муваффақият орзу намуд.