Дар ҷаласаи Шӯрои олимони донишкада, ки субҳи 30 сентябр баргузор гардид, масъалаҳои муҳими нақшавии дохилидонишкадавӣ — “Дар бораи натиҷаи кори комиссияи қабул барои соли таҳсили 2020”, “Оид ба ҷамъбасти фаъолияти таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён дар соли 2019-2020 ва вазифаҳо барои соли таҳсили 2020-2021”, “ Ҳолати таъминот бо кадрҳо ”, “ Омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021”, инчунин масъалаҳои ҷории “Рафти иҷрои Барномаи панҷсолаи рушди донишкада”, “Ҳолати интиқол ва қабули донишҷӯён”, “Меъёри талабот нисбат ба таҳияи мақолаҳои илмиии омӯзгорону унвонҷӯён” ва ғайра мавриди баррасию муҳокима қарор гирифта, дар охир аз рӯи масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.