Маҳфили илмии донишҷӯён ва магистрантони “Менеҷери ҷавон”, ки дар назди Кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисоди ДДСТДТ таъсис дода шудааст, санаи 12-уми октябр баргузор гардид.

Дар кори маҳфил дошинҷӯён ва магистрантони бахшҳои 4-ум ва 1-уми ихтисоси дизайни робитавӣ  дар соҳаҳои истеҳсолот ва хизматрасонӣ иштирок намуданд.

Дар маҳфил донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси Дизайни робитавӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ  Абдуллоев Меҳроб доир ба мавзӯи “Соҳибкорӣ ва омилҳои рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуд. Баромади Абдуллоев Меҳроб миёни донишҷӯён ва омӯзгорон мавриди муҳокима қарор гирифт.

Матни баромади зикргардида ба талаботи маводи илмӣ ҷавобгӯ шуморида шуда, барои чоп намудан тавсия дода шуд.