1 феврал ҷаласаи Шӯрои олимони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон барпо гардид.

Ҷаласа масъалаҳои ҳолати таълим дар факултети таҳсилоти фосилавӣ ва бахши робитаҳои байналмилалӣ, таъсиси гуруҳи корӣ доир ба таҷлили ҷашни Наврӯз, комиссияи қабул барои соли таҳсили 2021-2022 ва вазъи кор дар бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳоро мавриди муҳокимаю таҳлил қарор дода, инчунин як қатор дастурамалу низомномаҳоро тасдиқ намуд.

Аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.