Аз санаи 31 май то 04 июн дар факултети санъати тасвирии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҳимояи рисолаҳои хатм баргузор гардид.

Хатмкунандагони гурӯҳҳои А ва Б- и ихтисосҳои манзаранависии дастгоҳӣ, санъати тасвирию нақшакашӣ ва наққошию заргарӣ рисолаҳои хатми худро бо баҳои хубу аъло ҳимоя намуданд.

Қобили зикр аст, ки корҳои дипломии донишҷӯён ҳирфаӣ  ва дар сатҳи  баланд анҷом дода шуда, аъзоёни комиссияро қаноатманд гардонидаанд   ва онҳо ба хатмкунандагон барои идома додани кору касби худ маслиҳатҳои муфид доданд.

Ба ҳамин тариқ хатмкунандагони факултети тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавии донишкада  низ аз рӯи ихтисоси санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ рисолаҳои хатми худро бомуваффақият ҳимоя карданд.

Дар суратҳо: раванди  ҳимояи рисолаҳои хатм