Имрӯз, 13 март, ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ва кормандони хоҷагии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар доираи ташаббуси шаҳрдории Душанбе – “500 рӯзи ободонӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба ҳашар баромада, ҳавлӣ ва гирду атрофи бинои таълимӣ, аз ҷумла ду бинои истиқоматии ҳамшафати воқеъ дар кӯчаи ба номи Лоҳутӣ ва хобгоҳи донишкадаро тозакорӣ намуданд.
Дар суратҳо: рафти ҳашар дар ҳавлии бинои таълимӣ ва гирду атрофи донишкада.