Рӯзи шанбеи 11 апрел ҳайати зиёда аз 150 – нафараи омӯзгорон ва дигар кормандони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар доираи ташаббуси роҳбарияти шаҳри Душанбе оид ба 150 рӯзи ободонӣ дар пойтахт таҳти унвони “Хуррамгардонии Душанбешаҳр-рисолати ҳар як сокини пойтахт” ба ҳашар баромада, дар синфхонаю устохонаҳо ва саҳни ҳавлии таълимгоҳ, инчунин кӯчаи ба донишкада ҳамшафати ба номи Абулқосим Лоҳутӣ  тозакориҳо анҷом дода, буттаниҳоли  қадраси арчаи ороишӣ шинонданд.