Борони шадиди селовари шаби 5 май дар Душанбе боиси аз ҷӯйборҳо сар задани сел ва ба чанде ҳавлию долонҳои биноҳои маъмурӣ, аз ҷумла чанд кабинети бинои асосии таълимии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон шоридану осеб расонидан ба асбобу анҷоми он дар кӯчаи Айнӣ гардид. Барои бартараф намудани оқибатҳои ин офат рӯзи шанбе, 7 май, зиёда аз 200 нафар кормандони хоҷагӣ ва омӯзгорону донишҷӯён ба ҳашари поккорию барқарорсозӣ баромада, шустушӯи фарш, дару девор ва тирезаи кабинетҳо, тоза кардани ҷӯйбору роҳравҳо, ба тартиб овардани саҳни ҳавлиҳои дохилию берунии донишкада ва дигар корҳоро анҷом доданд.
Чунин як ҳашар дар хобгоҳи донишкада дар кӯчаи Фирдавсии маҳаллаи Фирдавсии пойтахт низ ташкил карда шуд.