Дар толори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шомансур ва иштироки фаъолзанони кумитаву ташкилотҳои ҳизбии ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур ҷиҳати истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши бонувон таҳти унвони “Истиқлолият рамзи озодии миллат” барпо гардид.

Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ мудири Шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шомансур Дилрабо Ашӯрова шурӯъ намуда, сипас дар назди ҳозирин мудири Шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Гулнора Бобоева, мудири Шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Назокат Маҳмадзода, сардори Шуъбаи кадрҳои Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Гулнора Давлатзода доир ба дастовардҳои беназири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ баромад намуданд.

Дар анҷом ба чанде аз фаъолзанони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди ноҳия, аз ҷумла ташкилоти ибтидоии ҳизбии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон “Дизайн”, ки дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои  истиқлолият саҳми назаррас гузоштаанд, дар ҳолати тантанавӣ Сипосномаву Ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур супурда шуданд.