Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон аз фанҳои технологияҳои иттилоотӣ ва риёзӣ олимпиадаи донишҷӯён баргузор карда шуд, ки дар он донишҷӯёни лаёқатманди курсҳои 1–4-и ихтисосҳои таълимии донишкада иштирок намуданд.
Дар оғози олимпиада ба иштироккунандагон расонида шуд, ки 11 феврали соли 2021 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон №АП-44 қабул гардид, ки дар он чунин зикр шудааст: Бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт, ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор карда шавад.
Ба самъи ҳозирин расонида шуд, ки барои баргузор намудани олимпиадаи донишҷӯёни ДДСТДТ аз фанҳои технологияҳои иттилоотӣ ва риёзӣ комисияҳои тахассусӣ таъсис дода шуда, саволномаҳо муайян ва ҳамаи шароити зарурӣ барои ҳалли масъалаҳо муҳайё гардидаанд.
Дар натиҷаи баррасию санҷиши ҷавобҳои иштироккунандагон комиссияи тахассусӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ ғолибони зеринро муайян намуд:
ҷойи якум – донишҷӯи курси якуми ихтисоси 1-31030408 веб-дизайн ва графикаи компютерӣ Насимбоев Ромиш;
ҷойи дуюм – донишҷӯи курси дуюми ихтисоси 1-31030408 веб-дизайн ва графикаи компютерӣ Носиров Суҳроб;
ҷойи сеюм – донишҷӯи курси якуми ихтисоси 1-31030408 веб-дизайн ва графикаи компютерӣ Қодиров Ҷамолиддин.
Санҷиши ҷавобҳои иштироккунандагон аз фанни риёзӣ ба комиссияи тахассусӣ асос гардид, ки ғолибони зеринро муайян намояд:
ҷойи якум – донишҷӯи курси чоруми ихтисоси 1-31030408 веб-дизайн ва графикаи компютерӣ Чавлиев Шералихон;
ҷойи дуюм – донишҷӯи курси якуми ихтисоси 1-69010106 меъмори манзаравӣ Набиева Нозанин;
ҷойи сеюм – донишҷӯи курси чоруми ихтисоси 1-31030408 веб-дизайн ва графикаи компютерӣ Шириншоев Карамхудо.
Бинобар ин раёсати ДДСТДТ ғолибоне, ки дар олимпиадаи донишҷӯёни ДДСТДТ аз фанни технологияҳои иттилоотӣ ва риёзӣ ҷойҳои аввалро ишғол намуданд, бо сипосномаҳои ДДСТДТ қадрдонӣ намуд.
Ғолибони номбаршуда моҳи марти соли равон дар Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” аз рӯи самтҳои технологияҳои иттилоотӣ ва риёзӣ иштирок намуданд.
Донишҷӯи курси якуми ихтисоси 1-31030408 веб-дизайн ва графикаи компютерӣ Насимбоев Ромиш ва донишҷӯи курси чоруми ихтисоси 1-31030408 веб-дизайн ва графикаи компютерӣ Чавлиев Шералихон дар олимпиада маҳорати баланд нишон дода, бо ифтихорномаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Минбаъд дар ДДСТДТ ба омӯзиши фанҳои технологияҳои иттилоотӣ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар дода шуда, иштироки донишҷӯён дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ боз ҳам фаъолтар гардонида мешавад.
н.и.и., дотсент А. Наҷмиддинзода
Мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод