Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон даври аввали озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм – фуруғи маърифат» ва «Фӯруғи субҳи доноӣ китоб аст» миёни факултетҳо ҷамъбаст гардид.

Дар озмуни «Фӯруғи субҳи доноӣ китоб аст»  донишҷӯёни зерин соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардида, бо Ифтихорномаи донишкада ва мукофотпулиҳо сарфароз гардонида шуданд.

Дар номинатсияи «Адабиёти бачагона» :

Давлатшоева  Райҳона Олимшоевна – донишҷӯи курси дуюми ихтисоси дизайни костюм ва газвор, сазовори ҷойи сеюм;

Дар номинатсияи «Адабиёти классикии тоҷик»:

Мунисаи Нуриддин – донишҷӯи курси якуми ихтисоси дизайни маҳсулоти бофандагӣ, сазовори ҷойи якум;

Нозимова Мақсуда Рустамовна – донишҷӯи курси якуми ихтисоси санъатшиносӣ, сазовори ҷойи дуюм;

Қурбонова Нӯшофарин Маҳмадуллоевна – донишҷӯи курси сеюми ихтисоси санъатшиносӣ, сазовори ҷойи сеюм;

Дар номинатсияи «Адабиёти муосири тоҷик» :

Рафиева Мадина  Ҳусейновна – донишҷӯи курси якуми ихтисоси дизайни робитавӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ, сазовори ҷойи якум;

Дар номинатсияи «Адабиёти ҷаҳонӣ»:

Садридинова Маҳваш Файзидиновна – донишҷӯи  курси якуми ихтисоси санъати тасвирӣ, ҳунарҳои халқии бадеӣ, сазовори ҷойи якум;

Давлятов Бежан Ахмедович – донишҷӯи курси дуюми ихтисоси дизайни дохили бино,  сазовори ҷойи дуюм;

Инчунин дар ҷамъбасти даври аввали озмуни «Илм – фуруғи маърифат»  донишҷӯён аз фанҳои технологияи иттилоотӣ ва математика донишу малакаи худро санҷида, ғолибони ҷои якум, дуюм ва сеюм муайян гардиданд. Ғолибони ҷойҳои ифтихорӣ бо  Ифтихорномаи донишкада ва мукофотпулиҳо сарфароз гардонида шуданд.

Аз фанни технологияи иттилоотӣ:

Насимбоев Ромиш Зафарович – донишҷӯи курси якуми ихтисоси Web-дизайн ва графикаи компютерӣ, сазовори ҷойи якум;

Носиров Суҳроб Раҳмонович – донишҷӯи курси дуюми ихтисоси Web-дизайн ва графикаи компютерӣ, сазовори ҷойи дуюм;

Қодиров Ҷамолиддин Камолиддинович – донишҷӯи курси якуми ихтисоси Web-дизайн ва графикаи компютерӣ, сазовори ҷойи сеюм;

Аз фанни математика:

Чавлиев Шералихон Синовбарович – донишҷӯи курси чоруми ихтисоси Web-дизайн ва графикаи компютерӣ, сазовори ҷойи якум;

Набиева Нозанин Юлдашевна – донишҷӯи курси якуми ихтисоси меъмории манзаравӣ, сазовори ҷойи дуюм;

Қурбонова Ҷиёнгул Абдуҷабборовна– донишҷӯи курси дуюми ихтисоси дизайни робитавӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ, сазовори ҷойи сеюм.

Мастона Қобилова,

 сардори Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсияи ДДСТДТ