Дар кафедраи “Санъатшиносӣ”-и донишкада маҳфили илмӣ-назариявии омӯзгорон ва донишҷӯён “Дунёи санъат” дар мавзуи “Эҷодиёти рассом Зиёратшо Довудов” баргузор гардид.

Мудири кафедра Сайфуллоева Ш. И. бо сухани ифтитоҳӣ ба кори маҳфил оғоз бахшида, сипас  донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси “Санъатшиносӣ” Дилрабо Абдураҳмонзода ва ассисенти кафедра Севара Ганибаева оид ба ҳаёт ва эҷодиёти рассоми шинохта баромад карданд.

Қайд карда шуд, ки асарҳои Зиёратшо Довудов дар жанрҳои гуногун эҷод шуда, махсусан дар тасвири манзара сабки нотакрори ӯ мушоҳида мешавад. Интихоби рангҳо, тартиби омезиш ва ҳамбастагии онҳо дар асарҳои рассом аз табъи нозуки ӯ шаҳодат медиҳанд. Асарҳои монументалии рассом дар ороиши бисёр мавзеъҳои вилояти Хатлон истифода шудаанд.

Пас аз шунидани маърӯзаҳо дар атрофи онҳо саволу ҷавоб ва музокираҳои пурмуҳтаво сурат гирифт. Дар музокира омӯзгорон Сайфуллоева Ш. И., Иброҳимов М. Ф., Акрам Файзов., Қобилова М. П., Меҳриддини А., Сафарова З. А., Эмомов Ф., донишҷӯён Назирахон Саидова ва Зуҳрои Шералӣ фаъолона иштирок намуданд.

Аҳли маҳфил ба хулоса омаданд, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои ба кори илмӣ-таҳқиқотӣ ҷалб кардани донишҷӯён ва омӯзгоронӣ ҷавон, инчунин ҷиҳати тақвият бахшидани малакаҳои касбии онҳо аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим мебошанд.