Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои зерин озмун эълон менамояд:

Мудирони кафедра

  1. Мудири кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ-1 ҷой
  2. Мудири кафедраи мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ-1 ҷой
  3. Мудири кафедраи тарҳрезии бадеии либос-1 ҷой
  4. Мудири кафедраи санъати ороиши амалӣ ва монументалӣ-1 ҷой

Профессор (бе унвони илмӣ)

  1. Кафедраи мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ -1 ҷой

Номзади илм, дотсент

  1. Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ-1 ҷой (дар равияи илмҳои филологӣ (забони русӣ))

Дотсент (бе унвони илмӣ)

  1. Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ-1 ҷой (дар равияи илмҳои филологӣ (забони тоҷикӣ))

 

Муаллими калон

  1. Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ-2 ҷой (1 ҷой дар равияи илмҳои педагогӣ, 1 ҷой дар самти илмҳои ҳуқуқшиносӣ)
  2. Кафедраи тарҳрезии бадеии либос-1 ҷой (дар равияи дизайни либос)
  3. Кафедраи дизайн ва меъморӣ-3 ҷой (1 ҷой дар равияи дизайн, 2 ҷой дар равияи меъморӣ)
  4. Кафедраи мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ-1 ҷой
  5. Кафедраи санъати ороиши амалӣ ва монументалӣ-2 ҷой (дар равияи санъати ороиши амалӣ)
  6. Кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод- 4 ҷой (1 ҷой дар равияи информатика, 1 ҷой дар равияи математика, 2 ҷой дар равияи иқтисодӣ)
  7. Кафедраи санъатшиносӣ- 1 ҷой (дар самти таърихи санъат)
  8. Кафедраи графика ва миниатюраи ба номи Фаррух Хоҷаев-2 ҷой (1 ҷой дар равияи графика,  1 ҷой дар равияи миниатюра)

 

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои озмун пешниҳодшаванда:

  • ариза ба номи ректор барои иштирок дар озмун
  • дар ҷузвадони алоҳида (папка файл) ҳуҷҷатҳои зерин замима карда шаванд:
  • нусхаи шиноснома
  • 4 дона сурати ¾
  • варақаи шахсӣ;
  • тарҷумаи ҳол (бо забони тоҷикӣ);
  • нусхаи диплом бо замимааш, дараҷаи академӣ ва илмӣ, шаҳодатнома дар бораи унвони илмӣ, ки бо тартиби муайянгардида тасдиқ карда шудаанд;
  • рўйхати корҳои илмӣ, таълимӣ-методӣ ва эҷодӣ (шакли №16);
  • тавсифнома аз ҷойи кори охирин;
  • маълумотнома оиди доғи судӣ надоштан;
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • Талабот барои шахсоне, ки дар донишкада фаъолият менамоянд, танҳо ариза ба номи ректор ҷиҳати дар озмун иштирок намудан, маълумотнома оиди доғи судӣ надоштан ва пешниҳоди рўйхати корҳои илмӣ, таълимӣ-методӣ ва эҷодӣ (шакли №16) мебошад.

 

Суроға барои қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Айнӣ 31, шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, телефон барои тамос: 227-58-77.

 

Эзоҳ: муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо дар давоми 30 рӯз пас аз нашри эълон.