Имрӯз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо иштироки ҳайати роҳбарият, кормандон ва омӯзгорон ҷиҳати иҷрои дастуру супориши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегии дастҷамъона гузаронида шуд.
Дар шанбегии мазкур кормандон ва омӯзгорон бо дили гарму шукургузорӣ аз фазои сулҳу суботи кишвар атрофи қитъаи вобасташудаи донишкадаро, яъне аз кӯчаи Айнӣ то буриши кӯчаи Лоҳутӣ аз алафу сангҳои бегона тоза намуда, баъдан бо мақсади омодагӣ ба соли нави хониш синфхонаҳо, утоқҳои корӣ ва гирду атрофи бинои таълимии донишкадаро рӯбучин намуданд.
Аксҳо аз ҷараёни баргузории шанбегӣ.