Субҳи имрӯз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо мақсади ободу зебо гардонидан ва тозаву озода нигоҳ доштани саҳну атрофи муассиса ва дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, ҳамовозӣ ба иқдому ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шанбегии дастаҷамъона гузаронида шуд.
Иқдоми мазкур баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил барои донишҷӯён, муҳити хуби корӣ барои устодону кормандон, инчунин, ободу зебо ва тозаву озода нигоҳ доштани ин боргоҳи ҳунар мусоидат менамояд.