Санаи 08.05.2019 дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон чун анъана бахшида ба 74-умин солгарди ҶБВ дар доираи нақша-чорабинии шӯъбаи тарбия ва робитаҳои байналмилалӣ, сохтори қисми тарбиявии факултетҳо, дар ҳамкорӣ бо шурои кураторони Донишкада маҳфилӣ зеҳнӣ бо унвони “Пирамидаи дониш” бо иштироки муовини ректор оид ба тарбия ва робитаҳои байналмилалӣ Худойбердиева Ҷ.Ч., сардори шуъбаи тарбия ва робитаҳои байналмилалӣ  Эсанов М.Д., мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод дотсент, Наҷмидинзода А.Ю., муовнинони декан оид ба тарбия, омӯзгорон, донишҷӯёни факултети дизайн ва санъанти тасвирӣ баргузор гардид. Маҳфил аз  ду бахш: якум сухани ифтитоҳӣ — табрикотӣ ва маърузаҳо дар бораи ҶБВ дар солҳои 1941-1945 иннчунин аз ҳаёт ва рӯзгори одамоне, ки дар ин давраи таърихӣ ҷони худро барои муҳофизати Ватан-Модар дареғ надоштанд, ба саҳми иштирокдорон расонида шуд. Бояд қайд намуд, ки баромади хеле пурэҳсос ва беҳтарин донишҷӯдухтарони курси 3-юми ихтисоси дизайни реклама бо сарпарастии муаллима Умарова З., ки аз зиндагии наваскарони даврони ҷанг қисса мекард, ба иштирокчиёни ҷамомад хотироти пур аз меҳр, вафодорӣ ва содиқ будан ба меҳанро талқин менамуд.

Дар бахши дуюми нишаст миёни донишҷӯён бозии зеҳнӣ бо унвони “Пирамидаи дониш” баргузор карда шуд, ки донишҷӯён хеле фаъолона иштирок намуданд ва мутмаин гардиданд, ки дониши назарявии хешро боз ҳам сайқал дода дар оянда барои беҳтару хубтар гузаронидани чунин чорабиниҳо ширкат варзанд.