Китоб ҳамчун шиносномаи шоистаи ҳар як халқу миллат барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ва рушди он, таҳкиму тақвият ёфтани ҳуввияти миллӣ ва худогоҳиву худшиносии ҳар як фард нақши бузург дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                          Эмомалӣ  Раҳмон

Рӯзи 4-сентябри соли 2019 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баргузории “Намоишгоҳи байналмилалии Китоби Душанбе” намоиши 9-уми байналмилалии “Китоби Душанбе” баргузор гардид.      Дар ин намоиш бештар аз 100 нафар омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкада иштирок доштанд.

Инчунин, дар ин доира дар толори китобхонаи Донишкада бахшида ба “Рӯзи китоб” конфренсияи донишкадавӣ баргузор шуд.      Конфренсияро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба илм ва корҳои эҷодӣ Одиназода Б.Э оғоз намуд.     Муаллими калони кафедраи “Забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ”  Акобиров С. дар мавзӯи “Китоб манбаи илму дониш”  маърӯза намуд.

Дар охир донишҷӯён бо қироати шеър дар бораи китоб ва мавқеи он конфренсияро ҷамъбаст намуданд.

Лаҳзаҳо аз чорабиниҳо бахшида ба “Рӯзи китоб”