26.09.2018. Иттифоқи рассомони Тоӌикистон бо дастгирии Дастгоҳи иӌроияи Президенти Ӌумҳурии Тоӌикистон  бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ӌумҳурии Тоӌикистон, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар толори Иттифоқ, воқеъ дар суроғаи хиёбони Рӯдакӣ-89 намоиши асарҳои эӌодии рассомони Ӌумҳурии Тоӌикистонро таҳти унвони “Боз дар фазои иттифоқ” пешкаши дӯстдорони санъати тасвирӣ намуданд.

Дар чорабинии зикршуда Ёрдамчии Президенти Ӌумҳурии Тоӌикистон оид ба масъалаҳои рушди иӌтимоӣ ва робита бо ӌомеа — Раҳмонзода А.А., Вазири фарҳанги Ӌумҳурии Тоӌикистон — Орумбекзода Ш.Ш., ва дигар шахсиятҳои маъруфи Тоӌикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бояд қайд намуд, ки аксарияти омӯзгорони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон аъзои фаъоли Иттифоқ мебошанд ва дар кушодашавии намоиш раёсати донишкада, ҳайати омӯзгорону донишӌӯён фаъолона иштирок намуданд.