Ҷамъомади тантанавие, ки дирӯз дар толори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 40-солагии фаъолияти педагогию илмии устоди донишкада, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, и.в. декани факултети дизайн Субҳон Усмонов барпо гардид, ҳаводорони донишу ҳунар ва шахсияти устодро ба табрики ӯ гирд овард.

Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат, ректори донишкада, номзади илмҳои меъморӣ ҷамъомадро бо сухани табрикотӣ кушода, аз номи раёсати донишкада ба Субҳон Усмонов Ифтихорнома супурд. Сипас котиби илмии Шӯрои олимони донишкада Сайнуриддин Акобиров оид ба чил соли фаъолияти педагогию илмии Субҳон Усмонов маърӯза кард.

Гулистон Саъдиева, мудири кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ,  Фирӯз Ҳаитов, ҷонишини декани факултети дизайн оид ба таълим ва чанде дигарон ба минбар баромада, доир ба хислат ва фазилатҳои неку ҳамидаи устод Субҳон Усмонов, ки 40 соли умри худро сарфи  кори таълиму тарбия намудааст, суханони нек ва гарму самимӣ арз доштанд.

Дар охир соҳибҷашн  Субҳон Усмонов ба раёсати донишкада ва ҳамаи дигароне, ки ба табрики ӯ омадаанд, барои меҳрубонию қадрдонӣ изҳори сипос намуд.