Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони  Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон хабари 84 нафар кӯдаке, ки рӯзи 30 -юми октябри соли 2019  аз Ироқ ба Ватан оварда шуданд, шунида ниҳоят хушнуд гардидаанд. Албатта ин ғамхориҳо бевосита  бо ташаббус ва супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Тибқи  дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳар чӣ зудтар ба Ватан баргардондани ҳамаи кӯдакон ва ноболиғон, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамроҳ бо волидон ва оилаҳои гумроҳшудаи худ ҷиҳати пайвастан ба сафи ДИИШ ва дигар нерӯҳои террористию экстремистӣ вориди сарзамини Ироқ шудаанд, мавриди пайгирии ҷиддии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ва Сафорати ҶТ дар давлати Қувайт қарор гирифтааст.   Дар натиҷа, муайян карда шуд, ки дар маҳбас, зиндон, боздоштгоҳ ва марказҳои нигоҳдории ноболиғон дар Ироқ 43 нафар зан ва 95 нафар ноболиғ аз шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд ва дар миёни онҳо тифлони хурдсоле низ ҳастанд, ки дар ин кишвари арабӣ таваллуд шудаанд.

Бо дастгирии Ҳукумати ҶТ ва шахсан Президенти муаззами кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ  бо вазоратҳои корҳои хориҷии Ироқ ва Қувайт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ироқу Тоҷикистон, ташкилоти ЮНИСЕФ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ 84 нафар кӯдак тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе оварда шуданд. Чунин иқдом аз сиёсати хирадмандона ва башардӯстонаи Президенти кишварамон дарак медиҳад ва мо ҳамватанон аз ин ҳама равшанзамириву инсондӯстии шахси дурандеш роҳбари меҳрубонамон ифтихор мекунем.