Кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисоди Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки иҷрои нақшаи нақшаи супоришии рисолаи хатм (шуъбаи рӯзона ва ғоибона) ҷиҳати омодагии хатмкунандагон ба имтиҳонҳои давлатӣ ва ҳимояи кори хатмкунӣ аз моҳи декабр то ҳол мувофиқи ҷадвали фоизбандӣ ҷараён дорад.
Дар раванди фоизбандиҳо ихтисосҳои WEB-дизайн ва графикаи компютерӣ, дизайни робитавӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ фаъолона ширкат меварзанд ва қисм ба қисм тайёр намудани рисолаи хатми бакалавриро ба ҳайати комиссия пешниҳод менамоянд.
Дар шуъбаи ғоибона низ кор ба таври лозима дар ҷараён аст.
Бояд қайд кард, ки омода шудани рисолаҳои хатми бакалаврии хатмкунандагон дар ихтисосҳои зикршуда то 90% ба анҷом расида истодааст ва баъди таҳриру азназаргузаронии пурраи роҳбарон иҷозат ба тақризгирӣ ва ҳимоя боқӣ мемонад, ки то рӯзҳои муайяншуда ба итмом мерасанд.
Омодагии магистрони кафедра ба аттестатсияи хатмро то 95% гуфтан мумкин аст.
Эшонқулов А.А.,
мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод