Бо ташаббуси Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар толори донишкада Фестивали мӯд -2020 таҳти унвони “Аз Наврӯз то Наврӯз” барпо гардид.

Фестивалро бо сухани муқаддимавии табрикотӣ ректори донишкада Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат ҳусни ифтитоҳ бахшида, сабаби ҳамасола баргузор намудани фестивали мазкурро ба фарорасии иди хуҷастапайи баҳор- Наврӯз ва санаи таърихии 30 марти соли 2013 — таъсисёбии Донишкадаи давлатиии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон нисбат дод, ки ҳафт сол муқаддам ба ҳамин рӯзҳои тантанаи ҷашни Наврӯз рост омада, баъдан ба як анъанаи беҳтинини донишкадавӣ табдил ёфт.

Сипас дар баробари донишҷӯдухтарони моделсозу дизейнери мизбон -Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон меҳмонон аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимови шаҳри Душанбе, ки ба фестивал даъват шуда буданд,  бо навбат коллексияи либосҳои баҳории ба истиқболи ҷашни пуршукуҳи Наврӯз таҳия намудаи худро дар тани духтарони зебову бомалоҳат ва мавзунқомати  хушхиром дар саҳна ба таври ҷаззобу дилнишин намоиш доданд.

Коллексияҳои либоси таҳиянамудаи моделсозу дизайнерон Дилноза Қосимова, Малика Сайдалиева, Турсуной Шарифова, Саида Ҳамидова, Мадина Давронова, Анастасия Каримова, Томирис Амирова ва Лайло Муҳаммадносирова аз Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Гулдаста Почохонова, Таманнои Сайфуддин, Рашида Азимова аз Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, Фарида Саидова аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Зарандухти Қутбиддин аз Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов беҳтарин коллексияҳои муаллифӣ шинохта шуда, муаллифон бо Дипломи Фестивали мӯд – 2020 “Аз Наврӯз то Наврӯз” сарфароз гардонида шуданд.

Дар фестивал муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Зевар Давлатзода, намояндагони мақомоти давлатӣ ва мутахассисони соҳаи мӯд аз сохторҳои гуногун иштирок доштанд.