Дар арзҳои дӯстӣ
Ман муътақидам, ки дӯсти ман У Вэйшанро метавон ҳамчун абармарди асили муаррифгари фарҳангу таърихи Чин дар ҷаҳон эътироф кард, зеро ин чеҳраи маъруф ва шахсияти шинохта ҳамчун директори Осорхонаи санъати тасвирии Чин, муовини раиси Анҷумани рассомони Чин, узв ва директори Кумитаи доимӣ оид ба фарҳанги Чин, академики фахрии Донишгоҳи Сянган, Президенти Академияи ҳайкалтарошони Чин солҳост, ки дар сатҳи байналмилалӣ парчами фарҳанги Чини бузург, бахусус фарҳанги санъати тасвирӣ ва ҳайкалтарошии онро баланд мебардорад.
Намоиши асарҳои фавқулода нотакрори У Вэйшан баҳори соли гузашта бо номи “Ҳайкалтарошии рӯҳ”/Sculpting the Souls| дар Пекин яке аз ҳаводиси нодири фарҳангӣ буд. 179 эъҷози дастони ин ҳунарманди асил як марҳилаи тӯлонии таърихи Чин – аз замони Конфутсий, Лао-Тсзи то Мао Тсзэдунро ҳикоят намуда, чеҳраҳои сангии Тсзяо Юйлу, Лэй Фэн, Хуан-ди, Марко Полоро пеши чашмони бинанда боз намуданд.
У Вэйшан дар асарҳои худ рӯҳияи Чини бузургро аз умқи қарнҳо то ба имрӯз ба риштаи тасвир кашидааст. Ў тамоми ҳаёту ҳастии худро ба муаррифии фарҳангу таърихи миллат ва давлати Чин бахшидааст. Обрӯю эътибори У Вэйшан кайҳост, ки фаротар аз Чин рафтааст. Дар Кореяи Ҷанубӣ “Боѓи муҷассамаҳои У Вэйшан” маъруф аст. Номбурда узви Академияи санъати Фаронса, академики фахрии Академияи санъати тасвирии Италия, Академияи санъати тасвирии Федератсияи Россия буда, бо ҷоизаҳои чандин кишварҳои ҷаҳон сарфароз гардонида шудааст.
У Вэйшан ба маълумот дар бораи он ки санъати тасвирии тоҷикон намунаҳои беназир ва нодири ёдгориҳои таърихие дорад, ки дар радифи асарҳои даврони эллинизми Юнони Қадим қарор гирифтаанд, гӯш дода, ба осори мактаби миниётурии Њирот, ки Камолиддини Беҳзод намояндаи бузургтарини ин мактаби эҷодӣ мебошад, таваҷҷуҳ намуд. Ба ӯ гуфтам, ки Беҳзод дар Шарқ бо лақаби “Монии Сонӣ” ва дар Ғарб бо номи “Рафаэли Шарқ” низ маъруф буда, муосиронаш ӯро “қоиди мусаввирон”, ”ягонаи даврон”, “ нодири даврон” номидаанд.
Манзур аз муаррифии бардавоми фарҳангу таърихи қадимаи тоҷикон, бахусус санъати тасвирии мо дар пешорӯи У Вэйшан дар он буд, ки феълан бо ибтикори Чин эҳёи Роҳи бузурги абрешим аз умеду ниёишҳои мардумони минтақа маҳсуб меёбад. Доираҳои фарҳангии Чин ба табодули фарҳангии кишварҳо дар ин ҳавзаи бекарон ҳавасмандии зиёд доранд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид бар он намудаанд, ки аз давраи падид омадани ин шоҳроҳ тоҷикон ба мисли мардуми Чин ба хотири таҳким ва пешрафти ин роҳи тавоно талош карда, ҳатто забони суғдӣ то як муддат ба василаи забони муоширати байни халқҳо хизмат карда, боиси васеъ шудани ҷуғрофияи ин роҳи тиҷорат аз Чин то соҳилҳои баҳри Миёназамин гардидааст. Баъдтар маҳз бо таъсири ин роҳи бузург робитаҳои фарҳангӣ низ ба вуҷуд омада, ба яке аз омилҳои рушди фарҳанг, бахусус мусиқӣ, рақс, санъати тасвирӣ, меъморӣ ва монанди инҳо табдил ёфтаанд.
Ҳақ ба ҷониби Раиси Чин муҳтарам ҷаноби Си Ҷинпин аст, ки мегӯяд: “Таърих беҳтарин устоди мост. Даврони қадими Роҳи абрешим шаҳодат аз он медиҳад, ки новобаста аз он ки кишварҳо аз ҳамдигар дар фосилаҳои дур қарор доранд, инсонҳоро як ҷасорат, як азму талоши тоза ва як қадами аввал басанда аст, ки ба истиқболи ҳамдигар гом бардоранд. Ин роҳ моро ба ҳамгироӣ ва рушди муштарак, ба ҷомеае, ки дар он фазои сулҳ, саодат ва суботу оромӣ ҳукмрон аст, хоҳад бурд!”.
Мову У Вэйшан ва насли имрӯзи кишварҳои мо дар остонаи ин роҳи бузург, Роҳи нави саодату пирӯзӣ қарор дорем. Тӯшаи роҳи мо фарҳанги воло, таърихи қадим ва муштараки миллатҳои ҳавза мебошад.
Аз ин ҷост, ки вақте аз дӯсти қаринам, директор6и Осорхонаи санъати тасвирии Чин У Вэйшан даъват ба амал овардам, ки ба Ватани ман – Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф орад, бо арзи ифтихору сарбаландӣ пазируфт.
Муҳаммад Эгамзод,
корманди сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин.
Аз маҷаллаи “Пайванди қитъаҳо”, № 10, 2019