Friday, May 9, 2025
  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Асосӣ Корҳои эҷодӣ

У ВЭЙШАН – АБАРМАРДИ МУАРРИФГАРИ ФАРҲАНГИ ЧИНӢ

04.03.2020

Дар арзҳои дӯстӣ

Без названияБез названия

Ман муътақидам, ки дӯсти ман У Вэйшанро метавон ҳамчун абармарди асили муаррифгари фарҳангу таърихи Чин дар ҷаҳон эътироф кард, зеро ин чеҳраи маъруф ва шахсияти шинохта ҳамчун директори Осорхонаи санъати тасвирии Чин, муовини раиси Анҷумани рассомони Чин, узв ва директори Кумитаи доимӣ оид ба фарҳанги Чин, академики фахрии Донишгоҳи Сянган, Президенти Академияи ҳайкалтарошони Чин солҳост, ки дар сатҳи байналмилалӣ парчами фарҳанги Чини бузург, бахусус фарҳанги санъати тасвирӣ ва ҳайкалтарошии онро баланд мебардорад.

Намоиши асарҳои фавқулода нотакрори У Вэйшан баҳори соли гузашта бо номи “Ҳайкалтарошии рӯҳ”/Sculpting the Souls| дар Пекин яке аз ҳаводиси нодири фарҳангӣ буд. 179 эъҷози дастони ин ҳунарманди асил як марҳилаи тӯлонии таърихи Чин – аз замони Конфутсий, Лао-Тсзи то Мао Тсзэдунро ҳикоят намуда, чеҳраҳои сангии Тсзяо Юйлу, Лэй Фэн, Хуан-ди, Марко Полоро пеши чашмони бинанда боз намуданд.

У Вэйшан дар асарҳои худ рӯҳияи Чини бузургро аз умқи қарнҳо то ба имрӯз ба риштаи тасвир кашидааст. Ў тамоми ҳаёту ҳастии худро ба муаррифии фарҳангу таърихи миллат ва давлати Чин бахшидааст. Обрӯю эътибори У Вэйшан кайҳост, ки фаротар аз Чин рафтааст. Дар Кореяи Ҷанубӣ “Боѓи муҷассамаҳои У Вэйшан” маъруф аст. Номбурда узви Академияи санъати Фаронса, академики фахрии Академияи санъати тасвирии Италия, Академияи санъати тасвирии Федератсияи Россия буда, бо ҷоизаҳои чандин кишварҳои ҷаҳон сарфароз гардонида шудааст.

У Вэйшан ба маълумот дар бораи он ки санъати тасвирии тоҷикон намунаҳои беназир ва нодири ёдгориҳои таърихие дорад, ки дар радифи асарҳои даврони эллинизми Юнони Қадим  қарор гирифтаанд, гӯш дода, ба осори мактаби миниётурии Њирот, ки Камолиддини Беҳзод намояндаи бузургтарини ин мактаби эҷодӣ мебошад, таваҷҷуҳ намуд. Ба ӯ гуфтам, ки Беҳзод дар Шарқ бо лақаби “Монии Сонӣ” ва дар ­­Ғарб бо номи “Рафаэли Шарқ” низ маъруф буда, муосиронаш ӯро “қоиди мусаввирон”, ”ягонаи даврон”, “ нодири даврон” номидаанд.

Манзур аз муаррифии бардавоми фарҳангу таърихи қадимаи тоҷикон, бахусус санъати тасвирии мо дар пешорӯи У  Вэйшан дар он буд, ки феълан бо ибтикори Чин эҳёи Роҳи бузурги абрешим аз умеду ниёишҳои мардумони минтақа маҳсуб меёбад. Доираҳои фарҳангии Чин ба табодули фарҳангии кишварҳо дар ин ҳавзаи бекарон ҳавасмандии зиёд доранд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид бар он намудаанд, ки аз давраи падид омадани ин шоҳроҳ тоҷикон ба мисли мардуми Чин ба хотири таҳким ва пешрафти ин роҳи тавоно талош карда, ҳатто забони суғдӣ то як муддат ба василаи забони муоширати байни халқҳо хизмат карда, боиси васеъ шудани ҷуғрофияи ин роҳи тиҷорат аз Чин то соҳилҳои баҳри Миёназамин гардидааст. Баъдтар маҳз бо таъсири ин роҳи бузург робитаҳои фарҳангӣ низ ба вуҷуд омада, ба яке аз омилҳои рушди фарҳанг, бахусус мусиқӣ, рақс, санъати тасвирӣ, меъморӣ ва монанди инҳо табдил ёфтаанд.

Ҳақ ба ҷониби Раиси Чин муҳтарам ҷаноби Си Ҷинпин аст, ки мегӯяд: “Таърих беҳтарин устоди мост. Даврони қадими Роҳи абрешим шаҳодат аз он медиҳад, ки новобаста аз он ки кишварҳо аз ҳамдигар дар фосилаҳои дур қарор доранд, инсонҳоро як ҷасорат, як азму талоши тоза ва як қадами аввал басанда аст, ки ба истиқболи ҳамдигар гом бардоранд. Ин роҳ моро ба ҳамгироӣ ва рушди муштарак, ба ҷомеае, ки дар он фазои сулҳ, саодат ва суботу оромӣ ҳукмрон аст, хоҳад бурд!”.

Мову У Вэйшан ва насли имрӯзи кишварҳои мо дар остонаи ин роҳи бузург, Роҳи нави саодату пирӯзӣ қарор дорем. Тӯшаи роҳи мо фарҳанги воло, таърихи қадим ва муштараки миллатҳои ҳавза мебошад.

Аз ин ҷост, ки вақте аз дӯсти қаринам, директор6и Осорхонаи санъати тасвирии Чин У Вэйшан даъват ба амал овардам, ки ба Ватани ман – Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф орад, бо арзи ифтихору сарбаландӣ пазируфт.

Муҳаммад Эгамзод,

корманди сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин.

Аз маҷаллаи “Пайванди қитъаҳо”, № 10, 2019

Ба қафо

 СЕССИЯИ ЗИМИСТОНА ДАР МУҲОКИМАИ ШӮРОИ ОЛИМОН

Ба пеш

Вохӯрии ҳайати эҷодии маҷаллаи “Хорпуштак” бо донишҷӯёни ДДСТДТ

Ба пеш
Вохӯрии ҳайати эҷодии маҷаллаи “Хорпуштак” бо донишҷӯёни ДДСТДТ

Вохӯрии ҳайати эҷодии маҷаллаи “Хорпуштак” бо донишҷӯёни ДДСТДТ

Рубрикаҳо

  • Хабарҳо
  • Конференсияҳо
  • Намоишҳо
  • Чорабиниҳо
  • Корҳои эҷодӣ
  • Маркази бачагонаи рассомӣ
  • Эълон
  • Мақолаҳо
    • Мақолаҳои магистрҳо
    • Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон
    • Мақолаҳои донишҷӯён ва магистрон
  • Табрикот

Бойгонӣ

Хабарҳои нав

  • Пиряхҳои Тоҷикистон – манбаи захираҳои оби Осиёи Марказӣ 04.04.2025
  • К-ИН САБЗА, КИ ИМРӮЗ ТАМОШОГАҲИ ТУСТ…. 24.03.2025
  • ТАБРИКОТИ ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз 20.03.2025
  • Иштироки аъзои ташкилоти ИБТИДОИИ “ДИЗАЙН” дар намоиш-фурӯши китоб 19.03.2025
  • ИФТИТОҲИ НАМОИШИ ЭҶОДИИ “АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ” ВА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР ДОНИШКАДА 18.03.2025
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  Суроға:

кӯчаи Айни 31,
шаҳри Душанбе,
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Тамос:

 Тел: (+992 37) 221 72 43; 221 72 37
 Моб: (+992 37) 93-335-19-85; 91-100-10-92
 Email: design_2013@list.ru

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон