Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур дар арафаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як гуруҳ сарварони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аз ҷумла раиси ташкилоти ибтидоии “Дизайн” Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат китоби “Фархундапай”-и муаллифон Абдуфаттоҳ Шарифзода ва Заробиддин Қосимиро туҳфа намуданд.
Дар китоб нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар солҳои истиқлоли давлатии кишвар таҳти сарварию раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳосил шуда, инъикос ёфтааст. Таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати дохилию хориҷӣ, чун таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, баланд бардоштани некуаҳволии мардум ва ҳифзи шоиста аз манфиатҳои миллӣ дар арсаи минтақа ва ҷаҳон зоҳир гардидааст.
Раиси ташкилоти ҳизбии “Дизайн” Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур барои чунин як туҳфаи пурарзиш изҳори ташаккур менамояд.