Хусусияти мушаххаси ҷаҳони имрӯзаи бағоят мураккаб ва пурихтилоф раванди глобализатсия аст, ки он чи дар сатҳи давлат ва чи дар ҳаёти воқеӣ ба амал бароварда шуда, ба ҳар яке аз мо амалан дахл дорад. Воситаҳои фавкулсуръати наклиётӣ ва коммуникатсионӣ масофаи байни мамлакатхо ва қораҳоро то ҳадди акал кӯтоҳ намудаанд. Ҳоло ҳар хоҳишманд имконият дорад бо ҳар нуктаи ҷаҳон иртибот намояд. Антенаҳои моҳворӣ ва интернет имконият медиҳанд, ки ба фазои ҳавоии ҷаҳонии маданӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва соири фазоҳои ҳавоӣ ҳамроҳ гардида шавад. Инсон ба воқеаҳое, ки дар гӯшаю канорҳои мухталифи дунё ба вуқуъ меоянд, алоқадор мебошад, аз зисту зиндагонии мамлакатҳо ва минтақаҳои ҷаҳон хабардор аст. Гузашта аз ин, раванди ҷаҳонишавӣ боиси ҷустуҷӯйи мақсаду маромҳои нави ҷаҳонбинӣ гардид. Оҳиста-оҳиста торафт бештар ҳис карда мешавад, ки як қисми ҷомеа аз маданияти миллӣ ба маданияти як навъ интернатсионалӣ, ё аниктараш ба маданияти фавқулмиллӣ мегузарад, ки дар он ҷо забони англисй воситаи асосии гуфтугӯ мегардад. Дар Тоҷикистон, тавре ки дар бисёр дигар давлатхои баъд аз давраи Шӯравӣ бавуҷудомада низ мебошад, табақаи ҷавонони «аврупоишуда» – хабарнигорон, соҳибкорон, кормандони ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайра пайдо гардиданд, ки бисёрии онхо маълумоти аврупоӣ гирифтанд ва бо забонҳои хориҷӣ озодона гуфтугӯ мекунанд. Махз, ҳамин гурӯҳи аҳолӣ аз ҷиҳати тарзи тафаккури худ ба маромҳои аврупоии демократияи либералӣ, ки ҳуқуқ, озодиҳо ва инфиродманишиаш (индивидуализмаш) назар ба арзишҳои дастаҷамъӣ ва анъанавӣ афзалият дорад, наздиктар мебошад.
Вале ҷаҳонишавӣ раванди бисёрчена ва сермаъно мебошад. Глобализатсия ба ғайр аз имкониятҳои мусбат барои дохилшавии халқҳо ва мамлакатҳо ба чомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳатҳои манфӣ низ дорад. Тасодуфӣ нест, ки вақтҳои охир ин мушкил мавриди муҳокимаи аҳли ҷомеаи Тоҷикистон карор гирифт. Даҳҳо мизҳои мудаввар, конференсияҳо ва мақолаю баромадҳо дар саҳифаҳои васоити ахбори умумии маҳаллӣ далели ин раванди умумичаҳонӣ мебошанд. Дар айни ҳол арзёбии ин раванди умумиҷаҳонӣ басо гуногун аст.
Маълум аст, ки раванди ҷаҳонишавӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва технологӣ ҳарчи пурратар зоҳир мегардад, зеро маҳз дар ин ҷо, дар навбати аввал, нуфузи мутақобилаи иқтисодиёти мамлакатҳои мутараққӣ ба амал меояд ва мутегии афзояндаи давлатҳои тараққиёбанда аз маблағгузорихои хориҷӣ ва технологияҳо эҳсос карда мешавад. Тақсимоти умумиҷаҳонии меҳнат ва тахассуси иқтисодии мамлакатҳо ин гуна якҷоякунии глобалиро ногузир мегардонанд. Аммо ин раванд хусусияти яктарафа дорад ва дар навбати аввал ба мамлакатҳои мутараққӣ нафъи калон меоварад. Мамлакатҳои тараққикунанда, аз ҷумла Точикистон дар якҷояшавии худ дар хоҷагии ҷаҳонӣ душвориҳои зиёде мекашанд. Сабаби ин дар он аст, ки давлатҳои нави мустақил аз чиҳати иқтисодӣ ва иттилоотии худ аз мамлакатҳои пешсафи раванди ҷаҳонишавӣ хеле ақиб мебошанд. Гузашта аз ин, ин фарқи байни мамлакатҳои доро ва нодор на танҳо кам намешавад, балки баръакс, зиёд мегардад. Давлатҳои нави баъд аз замони Шӯравӣ бавуҷудомада назар ба дигар мамлакатхо ба раванди ҷаҳонишавӣ дертар, вакте дохил шуданд, ки давраи ташаккули коидахое кариб ба охир расид, ки аз рӯйи онхо дар равандхои чахонии глобалӣ танхо иштирок кардан мумкин аст. Дар чунин шароит ба онхо ба ғайр аз мувофиккунонии худ ба ин коидахо дигар чорае намемонад, ки ин хатман боиси содир кардани хатохо гардида, вазъияти онхоро боз хам вазнинтар месозад.
Чунин окибатхои раванди ҷаҳонишавӣ, монанди хароб шудани мухити табиат, мухочироти назоратнашавандаи ахолӣ, чинояткорихои байналмиллалӣ ва даҳшатафкании байналхалкиро низ кайд кардан лозим аст.
Ба назар гирифтан зарур аст, ки якчояшавии иктисодхои миллӣ дар робитаю алокаи чахонии хочагӣ хатман ба он оварда мерасонад, ки ба раванди ҷаҳонишавӣ дигар сохахои хаёти чомеа ва давлат низ кашида мешаванд.
Илова ба ин сухан на танхо дар бораи сиёсат, балки дар бораи идеология, дар бораи системаи арзишхои дар чомеа афзалиятдошта низ меравад.
Охиста – охиста аз байн рафтани хадду худуд ва тафовутхо, гум шудани беназирии маданият ва махсусияти халкхо окибати ногузири ин раванд мегарданд.
Ба ибораи дигар гӯем, якхеласозии шароити хаёт, колабхои зисту зиндагонӣ ва арзишхо нихоят боиси бехусусият гардидани як кисми чомеа мешавад. Дар айни хол истисно нест, ки чунин ғасби дигар меъёрхо ва арзишхо дар шароити чомеаи анъанавӣ ва басо консервативии Точикистон боиси аксуламали чудошавӣ ё эътироз гардад. Дар ин асос «кутбхои мукобилаткунӣ», масалан, байни хомилони арзишхои русу аврупоӣ, аз як тараф ва анъанапарастон – шаркшиносон (аз чумла унсурони исломпараст), аз тарафи дигар ташкил шуда метавонанд.
Точикистон дар давраи ибтидоии ба ҷаҳонишавӣ дохилшавӣ карор дорад. Бинобар ин бисёр масъалахои ин руйдоди умумичахонӣ дар он чо ханӯз чандон равшан зохир намегарданд. Шояд чинояткории трансмиллӣ ва терроризми байналмилалӣ истисно бошад. Вале ин якинан бо он алокаманд аст, ки мамлакат аз чихати чугрофӣ ба Афғонистон, ки солхои охир ба маркази чахонии терроризм ва истехсоли маводи мухаддир табдил ёфтааст, наздик чой гирифтааст. Дар сохаи иктисодӣ, дар натичаи сатхи киёсан пасти ба робитахои чахонии хочагӣ чалб гардидани иктисодиёти миллӣ, хавфу хатари ҷаҳонишавӣ холо начандон маълум аст. Хатто, бухрони молиявӣ, ки тамоми мамлакатхои мутараккии сайёраро фаро гирифт, ба мо кариб тамоман дахл накард.
Вале ин моро набояд ором созад. Дар микёси чахонӣ афзоиши рӯхияи зиддиглобалистӣ, ки бо мурури замон ба мо хам ногузир дахл хохад кард, як навъ довталабӣ ва як шакли эътирози арзишхо ва анъанахои миллии махаллӣ ба раванди глобализатсия мебошад. Тасодуфӣ нест, ки солхои охир дар мамлакатхои пешсафи раванди ҷаҳонишавӣ кувват гирифтани харакати зиддиглобализатсиячиён ба мушохида мерасад ва нерухои бузургдавлатии миллатгароӣ фаъол мегарданд. Илова ба ин тезутундии ин мукобилаткунӣ нафакат паст мешавад, балки баръакс сол аз сол афзун мегардад. Тасодуфӣ нест, ки хар як саммити навбатии «мамолики хаштгона» бо чорабинихои беназири бехатарӣ сурат мегирад.
Вобаста ба гуфтахои боло ба давлатхо ва халкхои чахон ёфтани шаклхои навини рушди раванди ҷаҳонишавӣ ва роххои пешгирикунии окибатхои манфии он холо дар пеш аст. Зарур аст, ки ин раванди умуман мусбат ба мачрои барои аксарияти башар кобили кабул равона карда шавад. Фалсафаи нави хамзистии давлатхо ва халкхо зарур аст, ки ба пуртокатӣ ва тафохуме асос ёфта бошад, ки зӯроварии яке бар дигареро истисно намояд.
Точикистон дар ин маъно истисно намебошад. Барои мо холо дарки маком ва чои худ дар халли ин масълаи мураккабтарини замона, пайдо кардани роххои истифодаи судманди раванди ҷаҳонишавӣ барои ичро кардани вазифахои дар назди чомеа ва давлат карорёфта лозим аст. Илова ба ин на танхо дар иктисодиёт ё сиёсат, балки дар сохаи маънавиёт низ.
Ба ин муносибат масъалаи муайян кардани тамоюли арзишӣ-мадании мамлакат, нигохдоштани айнияти забонӣ ва фархангӣ ва махсусияти халк нихоят мухим мегардад. Фахмост, сухан на дар бораи кадом як худинхисоркунии точикон, ки ин дар шароити хозира худ ба худ вазифаи душворичро мебошад, балки дар бораи он меравад, ки ба мубодила ва ғанишавии мутакобила бо арзишхо ва комёбихои мадании дигар халкхо кӯшишу талош карда шавад. Инчунин маълум аст, ки тагйирёбии фархангӣ дар чомеа бартаридошта раванди худ ба худӣ намебошад, ки бо амрхои дастурӣ «аз боло» танзим гардад. Дар ташаккули афкори чамъиятӣ ва арзишхои нави Точикистони сохибистиклоли чавон накши асосиро шахсони зубдаи созандаи сиёсӣ, иктисодӣ ва маънавӣ бозида метавонистанд. Махз хамин кисми мутафаккир ва бошуури чомеа иктидоран кобил аст, ки гояхои нав, арзишхо ва анъанахои навинро пайдо созад, манфиатхои тамоми табакахои чомеаи тагйирёбандаи Точикистонро ифода намояд. Аммо шахсони зубдаи мутафаккири пешкадам хар кадаре таъсиру нуфуз дошта бошанд хам, бо вучуди ин худ ба худ кобили он нестанд, ки бе дастгирии давлат, чун неруи асосии ташкилотчии ислохот арзишхои чамъиятиро тагйир диханд. Вале ба ин шахсони зубдаи мутафаккир холо зарур аст, ки хамкорӣ ва шарикии амалиро бо хокимият ёд гиранд, аз майлу хохиши минтакавӣ ва сиёсии худ болотар истанд. Шахсони зубдаи созанда манфиатхои аксариятро ифода карда, бояд ба он мусоидат намоянд, ки арзишхо ва манфиатхои барои тамоми табакахои ахолӣ умумӣ ба даст оварда шаванд. Асоси чунин шарикӣ зарурати ба довталабӣ ва тахдидхо ба манфиатхои миллӣ, аз он чумла он ба манфиатхое низ, ки раванди пешомадаистодаи ҷаҳонишавӣ ба миён овардааст, аксуламали якхела нишон дода шавад.
Дар айни хол ҷаҳонишавиро мутлако чун тахдид ба манфиатхои миллиамон хисобидан мумкин нест, ин раванди вокеии умумичахонӣ неруи мусбати асосӣ низ дорад, ки кодир аст имкониятхои рушди тараккии мамлакатро васеъ намояд. Ба ин муносибат масъалаи чустучӯйи намунаи худии тараккии устувори Точикистонро дар ин вазъияти нави зудтагйирёбанда чустучӯ кардан багоят мухим мегардад.
Дар ин иртибот, омӯхтани тамоюлҳои гуногуни тараккии тамаддуни чахонӣ, хоста гирифтани стратегияи барои мо кобили кабули ислохоти мамлакат ва бо дарназардошти хусусиятхои тарзи тафаккури миллӣ ва анъаноти миллӣ ба раванди ҷаҳонишавӣ ворид гардидани ин зарур мебошад. Дар ин маъно барои Точикистон, ба андешаи ман, якчанд каринахои (вариантхои) имконпазири тараккии минбаъда мавчуд аст, ки бартарии татбики хар яке аз онхо аз бисер ҷикат ба сатхи дарки манфиатхои миллии табакахои мухталифи чомеа вобаста мебошад.
Дар назари аввал, мурочиат ба гузаштаи таърихии миллати точик каринаи табиитарин мебошад. Вале, ба гузашта назар андохта ва онро бо хар восита таърифу тавсиф карда, мо бояд дарк намоем, ки вакти таърих бебозгашт аст, ва дар ибтидои карни XXI бояд на танхо дар бораи таърих, балки дар бораи сазоворона воридшавии Точикистон ба минтакаи чахонии иктисодӣ, сиёсй ва маданӣ (ки ахамияти калон дорад) низ фикр кардан зарур аст, албатта, дар айни замон арзишхои маънавӣ ва мадании халк нигох дошта шаванд.
Дигар роххои комилан табиии тагйирдихии маданияти ватанӣ ба чахони тоҷику форсизабон ё ислом дохил шудани он шуда метавонад, ки бо он моро умумияти бисёасраи таърихӣ ва маънавӣ алокаманд менамояд. Аммо ин рох аз камбудихо холӣ нест. Акалан аз он сабаб, ки вай рушди иктисодӣ ва сиёсии мамлакатро таъмин намекунад. Мамолики тоҷику форсизабони хамсоя аз рӯйи иктидор ва сатхи тараккии худ ба гумон аст, ки барои мо омили махсуси пешбарандае гарданд, ки тавонад мамлактро аз вазъи хозираи иктисодӣ рахо дихад ё омили муттахидкунандае гардад. Онро хам ба назар гирифтан лозим аст, ки Точикистон бо амри такдир дар тӯли даксолахо аз мамолики хамсоя, ки дар ин чо кисми зиёди халкхои аз чихати этникӣ ба мо хеш ба сар мебаранд, чудо карда шуда буд. Аз чониби дигар, точикон дар солхои Ҳокимияти Шӯравӣ ва маданияти русу аврупоӣ хамрох гардиданд. Дар ҳар хол, Россия, ки бештар аз сад сол дар минтакаи Осиёи Марказӣ мавкеи хаматарафа афзалиятнок дошт, хозир хам барои мо на танхо накши марказӣ илмӣ-маданӣ, балки накши «пули» махсуси тамаддун ва технологияро ба маданияти аврупоӣ-америкоӣ мебозад. Ин вокияти таърихиро ба эътибор нагирифтан, таъсири вайро ба рушди минбаъдаи маданияти миллии мо рад кардан нихоят гайри матлуб мебуд.
Нихоят, рохи мароковарандатарин ва дар айни замон ояндадори тараккии мамлакати мо дар асри XXI «рохи сеюм» шуда метавонад, ки он кобил аст, ки комёбихои Ғарб ва такводории Шарқро дар худ муттахид созад. Тачрибаи Япония ва мамлакатхои босуръати тез тараккикунандаи мамолики Осиёи Чанубӣ-Шаркӣ якинан гувохӣ медихад, ки баъзе унсурхои анъанавии маданияти миллӣ бо комёбихои тамаддуни муосир узван бо хам мепайванданд. Аммо барои ин нусхабардории кӯр-кӯронаи маданияти гарбӣ ва арзишхои он не, балки интихобан аз худ кардани тачрибаи ин тамаддун зарур аст. Махз бо хамин рох мо метавонем дар чомеаи аз хам чудои Точикистон ризояти шахрвандиро таъмин намоем, аз ихтилофхои дар заминаи гуногунии тамоюлхои арзишӣ-маданӣ рахо ёбем, ки ин барои Точикистони хозира бағоят зарур мебошад.