Дар асоси нақша чорабиниҳои китобхона таърихи 07-уми марти соли 2025 дар қироатхонаи китобхонаи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба муносибати 8- март рӯзи модарон чорабинӣ доир гашт. Мудири китобхона Одинабеков Умед чорабиниро ифтитоҳ намуда, таҷлили ин ҷашнро, табрик гуфт: “Зан ҳамчун шахси фарҳангсозу тарбияткунанда агар худ аз воқеияти ҳаёт ва ҷомеа огоҳу бохабар бошад, фарзандон, аҳли оила ва пайвандони худро тарзе тарбият мекунад, ки онҳо ба самти ҷомеаи пешрафта қадам ниҳанд”.
Дотсенти кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ Акобиров Сайнуриддин дар мавзӯи “Аз таърихи ҷашни 8-уми март”, мудири бахши магистратура асперантура ва докторантура Ҳаитов Фирӯз шуд, ки ӯ дар маърӯза дар бораи “Модар – сарчашмаи ҳаёт” маъруза карданд.
Донишҷӯён Дафадоров Дафадор (ихтисоси наққошӣ), Мародбеков Симбод, (ихтисоси санъатшиносӣ) Зайдулоева Соябегим, (ихтисоси санъатшиносӣ), Ҳакимова Саноатҷон (ихтисоси наққошӣ),”,Сангов Хайриддин (ихтисоси дизайни робитавӣ).,Ҷалилзода Аҳдия (ихтисоси дизайни робитавӣ) бо маърӯза ва қироати шеър баромад карданд.