Дар толори калони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана истиқбол гардид.

Дар оғоз муовини ректор оид ба таълим Худойбердиева Ҷ.Ч аз номи раёсати донишкада устодону донишҷӯён ва дар симои онҳо тамоми мардуми ҷумҳуриро ба ин рӯз табрик гуфта, зимнан зикр намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Тоҷикистон дар баробари соҳибистиқлол гардидан ба марҳалаи нави таърихии инкишофи худ ворид шуда, дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба амал омад ва ин зарурати қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба миён гузошт. Зеро таҳия ва қабули Конститутсия ва қонунҳои ба талаботи сохти нави давлатдорӣ ва замони муосир ҷавобгӯ омилҳои муҳими устувории иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеа мебошанд.

Марҳилаи асосии таҳияи лоиҳаи нави Конститутсия баъд аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барқарор шудани сохти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ ва таъсиси мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ оғоз шуда, 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи райпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ин сана барои мардуми мо як санаи таърихӣ буда, сарнавишти имрӯзу фардои давлатамонро дар худ таҷассум менамояд. Конститутсияи давлати мо ҳамчун маҷмӯи комили принсипҳои ҷомеаи демократӣ аз ҷониби созмонҳои обрӯманди байналмилалӣ эътироф гардидааст. Бинобар ин, мо эътимод бар он дорем, ки ин санади сарнавиштсоз дар таҳкими шохаҳои асосии ҳокимият ва низоми давлатдорӣ дар оянда низ нақши ниҳоят муҳим хоҳад бозид.

     Сипас, чанде аз устодону донишҷӯён низ аҳли толор ва дар симои онҳо мардуми ҷумҳуриро бо Рӯзи Конститутсия табрик намуданд.

Дар охир дастаи ҳунарии донишкада ва Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов ба таври муштарак бо сурудҳои нави дилнишин хотири аҳли толорро болида гардонданд.