9 май – зодрӯзи Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Шарифов

Сабзалӣ Шарифов, ки аз хурдсолӣ ба расмкашӣ шавқу завқи зиёде дошт, хатмкардаи   Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимови шаҳри Душанбе ва Институти рассомию театрии ба номи Н. Островскийи шаҳри  Тошканд  буда, солҳои 1972—79 дар Омӯзишгохи рассомии ҷумҳуриявӣ дарс гуфтааст. Беш аз 50 сол аст, ки дар ҷодаи рассомӣ заҳмат мекашад. Хизматҳояш бо унвонҳои Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон,  Рассоми халқии Тоҷикистон ва Мукофоти давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ қадр карда шудаанд.

Сабзалӣ Шарифовро ҳаводорони ҳунари рассомӣ чун  шахсияте, ки солҳои зиёди умрашро сарфи эҷод ва тарғибу муаррифии ин ҳунар дар дохилу хориҷи кишвар кардааст, хуб мешиносанд. Ӯ аз зумраи шогирдони мактаби рассомии тоҷик аст, ки пас аз гузашти садсолаҳо дар солҳои сиюми асри гузашта аз нав эҳё шуда, дар саргаҳи марҳалаи нави рушди он устодон Маҷид Хушмуҳаммадов, Зуҳур Ҳабибуллоев, Абдулло Ашӯров ва чанде дигарон меистоданд. Ва миёни  шогирдоне, ки дар ин мактаб тарбият ёфтаанд, имрӯз Сабзалӣ Шарифов ба худ ҷойгаҳи хосае дорад. Нигоҳи фалсафии ӯ ба воқеияти зиндагӣ, таърихи халқи тоҷик ва қисмати он дар бисёр асарҳояш, бахусус «Боғи анори бобоям”,  “Хотираи солҳои дур», “Шӯриши Восеъ”, “Пахтакорон” (“Пахтаи сиёҳ”), “Рабудани буққаи сурх”, “Нурполо”, “Рушноӣ”,  “Гусел”, “Чашма”, “Гаҳвора”, “Аз давра ба давра, аз дида ба дида” ва  пайкарнигораҳои « Гулрухсор Сафиева бо писараш», «Баҳори устод Лоиқ», «Қуллаҳои устод Муминшо»  мунъакис гардидааст.  Ҳама асарҳояш, ки ба ҳисобе аз панҷсадто ҳам зиёданд,  мисли фарзандон барояш азизанд. Вале баъди шиносоӣ бо коргоҳи устод пай бурдан душвор нест, ки «Нурполо», «Рушноӣ”, “Боғи анори бобом”, “Чанори куҳан” ва эҷоди охиринаш «“Аз давра ба давра, аз дида ба дида” барояш хеле-хеле муқаддасанд ва ӯ онҳоро дар “хазина”, бо рӯихати ҷудогона нигоҳ медорад. Зеро мавзуи ин асарҳо на як пораи ҳаёти рассом, зиндагии худи ӯ, балки тамоми тӯли ҳаёташро фаро гирифтаанд. “Нурполо” ва “Рушноӣ” ба модар бахшида шудаанд ва бо дидани онҳо рӯҳи модар дар осмони мардумаки чашмони рассом сайр мекунад. Дар “Боғи анори бобом” ва “Чанори куҳан” хотироти давраи пуразоб, вале ширини бачагии ӯ нуҳуфтаанд. “Аз давра ба давра, аз дида ба дида”  шоҳасари муҷассамавиест, ки эҷоди он қариб ду даҳсола тул кашида, таърихи гузаштаву имрӯзаи халқи тоҷикро дар симои фарзандони фарзонааш таҷассум намудааст.

     Ӯ бо рангҳои мухталифи  сиёҳу сафед, кабуду сурху норинҷии  равшану торик тазодҳоро инъикос мекунад. Асарҳои ӯ “Пахтакорон”(“Пахтаи сиёҳ” (1988) ва “Рабудани буққаи сурх” (2010) дар тафаккури бинандаи борикбину нуктафаҳм ҳиссиёти изтиробомезе бедор мекунанд. Ин ду асар натиҷаи мушоҳида ва дарки мушкилоти замон буда, дар яке зиндагии халқе ба тасвир омадааст, ки барои луқмаи ноне  қисмати худро ба пешаи  вазнини пахтакорӣ пайвастааст ва аз заҳру зуқуми пахта ба сад дард мубтало гаштааст. Дар “Рабудани буққаи сурх” ҳам бинандаи калонсолу миёнсоли имрӯза ҳодисаҳои ҷанги бародаркушии солҳои 92-97-и асри гузаштаи Тоҷикистонро пеши рӯ меоварад. Дарахтони таншикастаи боғ, буққаи сурхи бадқаҳр ва зани наҳифтайкаре, ки  буққаро етаккунон аз боғи офатрасида берун мебарад,  ҳама тасвири рамзомезанд.

Сабзалӣ Шарифов як қатор асарҳои худро ба модараш бахшидааст.
— Модарам фариштаи ҷовидониест ба ҳама ғаму шодии ман шарик. Ӯ ҳамеша бо ман буд ва баъди маргаш ҳам маро лаҳзае тарк карда, танҳо намегузорад. Бароям тимсоли нуру умед аст. Дар кашидани расмҳоям  «Нурполо» ва «Рушноӣ» маҳз симои модарам илҳом бахшидааст,- гуфтааст рассом.

Фаъолияти Сабзалӣ Шарифов серпаҳлу ва гуногунҷабҳа аст. Асарҳояш монументалӣ, драматикӣ, эпикӣ, баландмазмун ва саршор аз нерую хираданд буда, ба кас таъсири бошиддати эмотсионалӣ мебахшанд.

Эҳё ва инкишофи жанри рассомии муҷассамавӣ (монументалӣ) дар Тоҷикистон ба нимаи дуюми асри ХХ рост омада, дар офариниши намунаи нодири он С. Шарифов саҳми калон гузоштааст. Вай ба сифати рассоми монументалист ба кошинкорӣ машғул аст, бисёр биноҳо дар пойтахт — шаҳри Душанбе бо дастони ӯ зебу оро ёфтаанд. Ороиши бадеии меҳмонхонаи «Тоҷикистон», Сирки давлатӣ, Қасри иттифоқҳои касаба  (бо ҳаммуаллифии С. Нуриддинов), «Кохи Борбад»(бо ҳаммуаллифии В. Одинаев ва А. Сафаров), бозори «Баракат», таҷдиди бадеии Театри академии драмаи ба номи Лоҳутӣ, фойеи Китобхонаи миллӣ ва ғайра дар пойтахт ба килки ӯ тааллуқ доранд. Асарҳояш дар Москва, Никосия, Кипр , Кобул, Душанбе, Бон,  Венгрия, Полша ба намоиш гузошта шуда, дар галереяву осорхонаҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Россия, Венгрия, Полша, дар коллексияҳои шахсӣ дар ИМА, Олмон, Швейтсария, Москва, Тошканд, Душанбе нигоҳ дошта мешаванд. Ва дар давраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нахустин асари муҷассамавии муҳташаме, ки ба вуҷуд овард, паннои “Аз давра ба давра, аз дида ба дида”мебошад, ки айни замон фойеи бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистонро зебу зиннат мебахшад.

Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, асари муҷассамавии С.Шарифов “Аз давра ба давра, аз дида ба дида” бо композитсия ва услуби ба худ хос дар санъати тасвирии тоҷик аз дигар асарҳои ин жанр тафовут дорад. Дар он фалсафаи фаровон ва албатта, ногуфтаҳои бисёр аст. Рассом қабл аз ҳама, ба таърихи халқи мо ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни ҷаҳонӣ баҳо медиҳад. Ин асар шоҳкории санъати тасвирии муосир буда, ба тамошобин таъсири хеле муассир дорад ва дар айни замон натиҷаи корҳои бардавом ва пурбори С. Шарифов мебошад… Воқеъан, ин кори С. Шарифовро метавон симфонияи рангҳо, қомуси образҳо ва полифонияи овозии тамаддуни мо тоҷикон номид. Метавон асари мазкурро яке аз қуллаҳои баланди эҷоди бадеии устоди бузурги санъат С. Шарифов  донист, ки ӯ дар он тавонистааст лаҳзаҳои муҳими таърихи мамлакатро таҷассум кунад. Тамошобин баъди шиносоӣ бо ин асари бузург барои худ ҷаҳони бузурги наверо кашф мекунад. Ӯ на танҳо равшанӣ ва сояҳоро мебинад, балки мелодия ва навои мусиқанавозони бузурги замонҳои гуногунро мешунавад.

“Бо ин асарам мухтасар гуфтаниам, ки  барои  ташаккулу рушду нумуи миллат моро мебояд ба таърихи гузашта ва имрўзамон як бори дигар назар андозем. Дар гузашта ҷангу ҷидолҳои хонумонсӯз боиси сухтану несту нобуд гардидан ва ба хок яксон сохтани шаҳру деҳот, китобу дастнависҳои гузаштагонамон, хусусан китоби «Авасто» гаштаанд. Аммо порча-порча, зарра-зарра, аз даҳон ба даҳон, аз дида ба дида, аз гўш ба гўш мероси мо омада расидааст. Мо миллати тоҷик имрўз аз ин дороии таърихии хеш ифтихор мекунем. Дар ин асари худ ман низ ин маъниҳоро тасвир кардам… Дар симои шоҳ на фақат Исмоили Сомониро, балки силсилаи шоҳони форсизабони ҳамаи давру замонҳоро дар назар дошта, тасвир намудаам, ки тавонмардони таҳамтанирода дар пайафканданӣ бораи муқтадирии давлатдории миллии мо, таъмини ободию сулҳу суботи кишвар, ташаккулу таҳаввули фарҳангу маънавиёт, хусусан шеъру адаби оламгири форсӣ ки фидокорона хидмат намудаанд”,- гуфтааст худ дар бораи ин асараш Сабзалӣ Шарифов.

Дар бораи эҷодиёти Сабзалӣ Шарифов ҳамчун рассом ва муҷассамасози (монументалисти) муваффақ аҳли аҳли илму адаби ватанию хориҷӣ Лола Айнӣ, Гулрухсор Сафиева, Лариса Додхудоева, Абдулҳамид Самад, Абдураҳмон Расулов, Наргис Ҳамидова, Сайф Раҳимзоди Афардӣ,  Юлия Вербитская ва бисёр дигарон андешаҳои бикри мусбату тавсифомез баён намуда, доир ба асарҳои ҷудогонааш тадқиқот анҷом додаанд. Аз навиштаҳо дар сафҳаҳои матбуоти Тоҷикистон дар солҳои 80-уми асри гузашта роҷеъ ба эҷодиёти Сабзалӣ Шарифов баромеоянд, ки истеъдоди ин рассоми чирадаст ҳанӯз 40 сол қабл, балки аз ин ҳам пештар, дар давраи ҷавониаш, аз замони тавлиди   нахустин асарҳояш аз ҷониби завқмандони санъати рассомӣ  эътироф шуда, солҳост, ки мавсуф бори шуҳрат бар душ бардошта меоянд.

Чилу ду сол қабл ходими адабии рӯзномаи ҷумҳуриявии “Комсомоли Тоҷикистон” Абдураҳмон Расулов навиштааст: “Биёед, тамошои расмҳои Сабзалиро давом диҳем. Расми “Дар таги чанори куҳна” ҳанӯз дар соли 1975 эҷод шудааст. Дар таги чанори куҳани бузург базми хосае дар ҷӯш аст. Дар сари дастархони пурнозу неъмат мӯйсафед ва пиразан нишастаанд. Онҳо ҷашн доранд, тӯйи тиллоӣ доранд. Фарзандон, набераю абераҳо онҳоро ҳалқапеч карда мерақсанду мебозанд. Дар як тараф меҳмонон, санъаткорон, дар тарафи дигар анвои хӯрданию нӯшиданӣ тайёр мешавад. Аммо килки рассом бештар ба чанори бузург аҳамият додааст. Он чанор чанори оддӣ не, балки шоҳиди умри дарозу бобаракати ин ду соҳибҷашн буд, он бисёр воқеаҳои таърихро гувоҳ аст, минбаъд ҳам он бисёр воқеаҳоро мушоҳида хоҳад кард, яъне он давраи зиндагии бисёр наслҳост”.

Нависандаи халқии Тоҷикистон, Лауреати мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ Абдулҳамид Самадов аз  назари борикбин ва мушоҳидаҳои хеле нозуки рассом ба ваҷд омада, менависад: “Дар асарҳои ӯ ҷузъиётҳои обнарасидаи аҷоиберо, ки ҳуснбахши наср шуда метавонанд, фаровон меёбам… Рангу мӯқалами рассом то ҷовидон аз дарду армон ва нишоти пасту баландиҳои рӯзгори мардум роз мегӯяд. Ва ҳамеша, дар хаёли ман, пиразане нуронӣ, қоматаш каме хам, аз равзана ба олами зебои офаридаи Сабзалӣ менигарад. Забони ӯ чашм асту хомӯшӣ, асбоби суҳбати осори писараш ранг асту маънӣ. Раҳмати Худо бод бар он модар, ки чунин фарзанди боҳунареро ба дунё овард”.

Неъматулло ХУДОЙБАХШ