Санаи 13.05.2024 дар толори намоишии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту идораҳои ҷумҳурӣ бо мутахассисони ҷавон, тақсимоти хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавии шӯъбаҳои рӯзонаи хатми соли таҳсили 2023-2024, равияҳои омӯзгорӣ, ғайриомӯзгорӣ ва гурӯҳҳои шартномавӣ гузаронида шуд. Дар ҷаласа тамоми хатмкунандагони Донишкада ва меҳмонон аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагон аз шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Ректори Донишкада номзади илмҳои меъморӣ, профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ҳамаи иштирокчиёнро хайрамақдам гуфт. Аз ҷумла қайд карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар, таъкид карданд,ки мақоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро на аз рӯйи шумораи хатмкардагон, балки вобаста ба шумораи хатмкардаҳои бо кор таъминшуда муайян намоем. Бо назардошти ин гуфтаҳо хатмкунандагон барои фаъолияти минбаъда ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рӯи ихтисосҳояшон тақсим карда шуданд.