Мақсади асосии ин пеш аз ҳама ба ҳама фаҳмонда додани воситаҳои техникии коркарди иттилоот ва дигар таҷҳизотҳое, ки барои ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ истифода бурда мешаванд.

Мошинаҳои ҳисоббарор ин воситаҳои техникии коркарди иттилоот мебошанд. Ба ғайр аз коркарди иттилоот мошинаҳои ҳисоббарор боз вазифаҳои дохилкунӣ, нигоҳдорӣ ва баровардани иттилоотро низ иҷро менамоянд. Принсипҳои умумии кори воситаҳои ҳисоббарорӣ универсалиро олими математики машҳур Джон Фон Нейман додаанд.

Схемаи умумии кори мошинаҳои ҳисоббарор ё ин, ки онҳоро компютер ҳам мегӯянд ба тарзи зайл пешниҳод шудаанд. Компютер танҳо бо барномаи пешаки тартиб  додашуда кор мекунад. Барнома ин иҷрои паиҳамии амрҳои махсус мебошад, ки як амр пас аз амри дигараш, то ба охир расидани барнома иҷро крада мешавад. Иҷроиши паиҳамии амрҳоро тағийр додан мумкин мебошад. Инро  танҳо бо амри иловагӣ ба ҷо овардан мумкин мебошад. Барои аз як амр ба амри дигар гузаштан амри идоракунии барнома фиристода мешавад. Компютер амри ояндаро иҷро накарда, мувофиқи амри идоракунӣ, ба иҷрои амри лозимӣ мегузарад. Ҳамин тариқ баъзе амрҳо дар якчанд сикли коркарди иттилоот якчанд маротиба  такрор  ба такрор иҷро карда мешаванд.

Барои иҷрои кор барнома дар васоити хотира ё ин, ки вайро хотираи асоси ва ё хотираи системавӣ меноманд ҷой дода мешаванд. Ҳар як амр дар ячейкаҳои алоҳидаи хотира ҷой дода мешаванд, ки онҳо нишонаи худро доранд ва онҳоро дар вақти кор мушаххас дастрас менамоянд. Воситаи идоракунӣ дорои нишонаи ячейка буда, иҷрои онро ба воситаҳои арифметикию -мантиқӣ менамоянд. Пас аз иҷрои ин амр аз ячейкаи дигари хотира амри навбатиро даъват карда,барои иҷроиш мефиристонанд. Паиҳамии иҷроиши амрҳо автаматона то ба охир расидани амри охирин иҷро карда мешаванд.

Кулли амрҳоро, ки воситаи арифметикию мантиқӣ метавонанд иҷро намоянд, дар вақти сохтан ва мукамалкунии онҳо муайян карда мешаванд. Умуман дар ҳолати иҷрои амалиётҳои арифметики ва ё мантиқӣ амр барои иҷрои онҳо дода мешаванд, бо ин амр амалиётҳои хондани маълумотҳо аз хотира, сабти маълумотҳо аз хотира, хондани маълумотҳо аз воситаҳои беруна, сабти маълумотҳо дар воситаи беруна иҷро карда мешаванд.

Дар компютерҳои ҳозиразамон воситаҳои идоракунӣ ва воситаҳои арифметикию- мантиқӣ дар як восита мутаҳид карда мешаванд, ки вайро прoтcессор ё протcессори марказӣ меноманд. Дар шароити имрӯза  протcессорро дар кристалӣ алоҳида (чипе) бо микротехнологияи махсус истеҳсол менамоянд. Чунин воситаҳоро микропротcессорҳои марказӣ меноманд. Микропротcессорҳо шакли компютерро муайян менамоянд.

Компютерҳои ҳозиразамон воситаҳои мураккаб буда, аз    воситаҳои бисёре иборат мебошанд ва кори ҳамаи онҳо аз тарафи микропротcессори марказӣ иҷро карда мешаванд. Иҷрои барнома боздошта мешавад, вақте ки бо воситаи таҷҳизоти беруна амри махсуси боздоштани кор фиристода мешавад.

Аз рӯи имкониятҳое, ки компютер ба истифодабаранда додааст, онҳоро ба чунин гурӯҳҳои калон ҷудо кардан мумкин аст: суперкомпютерҳо; мейнфремҳо;  мини ва микрокомпютерҳо;

Суперкомпютерҳо дорои ҳаракати аз ҳама баланд буда, ҳисоббарориҳои иқтисодии зиёдеро соҳиб мебошад. Истеҳсолӣ он ба таври алоҳида, алоҳида ба роҳ монда шудааст, ки дар онҳо мувафақиятҳои ба даст овардаи соҳаҳои гуногуни илму техника истифода бурда мешаванд. Суперкомпютерҳо барои ҳисоббарориҳои мураккаби риёзии, табии, иқтисодӣ ва идоракунии молия истифода бурда мешаванд.

Мэйнфремҳо захираи калони ҳисоббарори доранд, ки барои ҳалли масъалаҳои мураккаб дар соҳаи иқтисодиёт, идоракунии регион, соҳа, корхонаҳои калони саноатӣ, аз ҷумла корхонаҳои савдо ва ҳарби истифода бурда мешаванд.

Мэйнфремҳо солҳои 80-ум тарақӣ кардаанд. Онҳо имрӯз ҳам дар комплекси компютерҳо якхела набуда, балки муттаҳидона онҳо истифода бурда мешаванд.

Миникомпютерҳо барои идора кардани корхонаю муасиссаҳо истифода бурда мешаванд. Ба онҳо серверҳои дараҷаи болои, ки компьютери маркази дар шабакаҳои компютерӣ мебошанд, дохил мешаванд. Ин сервер вазифаи идора кардани шабакаи локалиро ба зимма дорад. Ба сифати сервери дарачаи миёна ва хурд микрокомпютерҳое истифода бурда мешаванд, ки онҳо имкониятҳои нисбатан  паст доранд.

Микрокомпютерҳо-ин моделҳои омавии мошинаҳои ҳисоббарор ба ҳисоб мераванд, ки ба онҳо компьютерҳои фардии болои мизӣ ва истифодаи он (мобильный) дохил мешаванд. Инҳоро ба стансияи кори, компютерҳои фардӣ ва шабакаи компютерӣ дохил кардан мумкин аст.

Стансияҳои корӣ дар офисҳо барои кор ба кормандони илми, муҳандисону техникҳо дар ҳолати моделсозии рафти истеҳсолот, рафти молиявию иқтисодӣ ва корҳои (типографӣ) чопкуни истифода бурда мешаванд.

Компьютерҳои фардӣ дорои тавсифи паст буда,дар офисҳо барои иҷрои корҳои зерин: чопӣ матҳо, сохтани ҷадвалҳо ва сохтани базаи маълумотҳои одди истифода бурда мешаванд.

Шабакаи компьютерҳо дар шабакаи локали истифода бурда мешаванд, ки дар ин ҷо вай нақши архитектураи мизоҷ- серверро иҷро менамоянд. Шабакаи компьютерҳо барои ҳалли масъалаҳои мураккаб ва шумораи лозимии иқтидори ҳисоббарориро надошта бошанд ҳам ташкил карда мешаванд. Нарасидани иқтидори ҳисоббарори аз ҳисоби истифодаи компютерҳо-серверҳои пуриқтидор, шабака пур карда мешаванд.

Сервер ва компютери фардӣ ба як гурӯҳи микрокомпютерҳо дохил мешаванд. Aз кори хуби сервер мувафақиятҳои кори як корхонаи калон ва шуъба вобаста мебошад. Бинобар ҳамин сервер бояд боэътимод, боваринок  бошад. Дар вақти ягон қисми система аз кор баромадан, қисми дигараш бояд кор кунад. Барои боэътимод кор кардани сервер бояд чунин воситаҳо ба монанди манбаи қувваи барқ, шинаи духатта, назорати дутарафа истифодаи RAIД –систем, алгоритмҳо дохил мешаванд.

Сервер варианти пуриқтидор кардаи компютери фарди ба ҳисоб намеравад. Ҳалли сервери, чунин маъно дорад, ки дар он навигари-
ҳои дар соҳаҳои гуногуни илм ва техника пайдо шуда, дар компютерҳои фардӣ истифода бурда мешаванд.

Барои амалӣ намудани равандҳои иттилоотӣ дар системаҳои иттилоотӣ, мавҷудият ва истифодаи барномаҳо зарӯр мебошанд. Таъминоти барномавии системаҳои иттилоотӣ гуфта маҷмуи барномаҳо, амалҳо ва коидаҳои якчоя бо ҳуҷҷатҳо алоқаманд будани онҳоро мефаҳманд, ки онҳоро барои истифодаи воситаҳои техникии коркарди иттилоот ва ҳалли масъалаҳои гуногун истифода мебаранд.

Воситаҳои барномавӣ аз воситаҳои асосӣ ва ёрирасони ҷузъҳои гуногуни таъминоти барномавӣ иборат мебошанд ва онҳо ба ду қисми асосӣ чудо мешаванд: таъминоти барномаҳои системавӣ ва  таъминоти барномаҳои амалӣ .

Ба таъминоти барномаҳои системавӣ барномаҳо, эъзоҳотҳо ва дастурамалҳое дохил мешаванд, ки барои коркарди давраҳои гуногуни технологияи меҳнатталаби тартибдиҳии алгоритму барномаҳо, барои ташкил ва назорати ҳисобкуниҳо, барои идораи тақсимоти захираҳои компютер дар вақти амалкунии воситаҳои ҳисоббарор хизмат менамоянд.

Таъминоти барномаҳои системавӣ аз ҷиҳати хислати истифодаи ҷузъҳои алоҳидаашон ба воситаи назорати системаҳои амалиётӣ, системаҳои хизматӣ ва системаҳои барномасозӣ ҷудо мешаванд.

Таъминоти барномаҳои амалӣ бошад ин маҷмуи барномаҳои ҳалли масъалаҳои даққиқи истифодабарандагон мебошанд. Таъминоти барномахои амалӣ ба ду гурӯҳи асоси ҷудо мешаванд: барномаҳои истифодабарандагон ва дастаи барномаҳои амалӣ. Барномаҳои гурӯҳи аввалро худи истифодабарндагон ба ёрии системаҳои барномасозии дар компютер мавҷудбуда тартиб медиҳанд. Барномаҳои гурӯҳи дуюмро бошад шахсон ва фирмаҳои махсуси барномасоз тартиб дода ба истифодабарандагон пешкаш менамоянд.

Дар байни истифодабарандагони компютерҳои фардӣ асосан дастаҳои барномаҳои амалӣ бештар истифода бурда мешаванд ва онҳо низ аз ҷиҳати таъминоташон ба ду намуд ҷудо мешаванд: Дастаи барномаҳои проблемавӣ ва дастаи барномаҳои таъминоти умумӣ. Намуди якуми дастаҳо барои ҳалли барномаҳои муҳими хурд (ягон проблема) хизмат мекунанд. Намуди дуюми дастаҳо бошанд, амалиётҳои монанди (типикӣ) ҳамкории истифодабарндаю мошинро ҳангоми ҳалли масъалаҳо иҷро менамоянд. Мисоли дастаи барномаҳои проблемавӣ инҳоянд: дастаи барномаҳои амалӣ барои ҳисобкунии музди меҳнат, дастаи барномаҳои амалӣ барои ҳисобкуниҳои молиявӣ ва ғайра. Мисоли дастаи барномаҳои амалӣ –ҳои таъинотию умумӣ инҳоянд:  протсессорҳои матнӣ, протсессорҳои ҷадвалӣ, системаи идораи базаи маълумотҳо, пакетҳои муттаҳида (яклухткардашуда).

Дастаи барномаҳои амалӣ дар таҳти идораи системаҳои амалиётӣ кор мекунанд, ва истифодабарандаро аз зарӯрияти донистани тарзи кори компютер халос менамоянд. Истифодаи дастаи барномаҳои амалӣ татбиқи васеъи компютерҳоро дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсонӣ таъмин менамояд.

Мирзоев Н.Ҳ. дотсенти ДМТ

Абдураҳмонов А.-магистри ДДСТДТ