Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи донишҷӯёну устодон ботантана таҷлил гардид.

Ҷамъомади тантанавиро муовини ректор оид ба тарбия ва равобити байналмилалӣ Ҷамила Худойбердиева кушода, нахуст аз номи роҳбарияти донишкада устодону донишҷӯёнро ба ин рӯзи муборак табрику таҳният гуфт ва зикр намуд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстию бародарии ҳамаи миллатҳои он маҳсуб ёфта, ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири зиндагии арзанда, рушду нумуи ҳамаҷониба ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ ҳидоят менамояд. Бино бар ин, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии мамлакат ҷашн гирифта мешавад. Моҳи сентябри соли 2011 дар мамлакат ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баландтарин парчам дар ҷаҳон (165 метр) бунёд карда шуда, ба китоби Рекордҳои Геннес ворид гардид.

Ҳамин тавр, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон симои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо бо ин парчам ифтихор дорем ва бигзор он то абад пойдору устувор ва парафшон бимонад.

Сипас, котиби илмии Шӯрои олимони донишкада Сайнуриддин Акобиров дар мавзуи «Парчам дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ» ва донишҷӯи курси дуюми факултети санъати тасвирӣ Сабрина Маҳмадносирова дар мавзуи «Парчами мо – ифтихори мо» маърӯза карданд.

Дар охир ба гурӯҳи калони донишҷӯёне, ки дар маъракаи интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» фаъолона иштирок намудаанд, аз номи роҳбарияти донишкада Ифтихорномаҳо супурда шуданд.