Бо ташаббуси Раёсати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар толори калони донишкада тамошои филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ”, (“Хиёнат қисми 7”), ки дар бораи кирдорҳои хиёнаткоронаи яке аз намояндагони ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи экстремистӣ-террористии назхати исломӣ Муҳаммадиқболи Сарриддин, дурӯягӣ ва дуруғгӯйию дуруғпардозиҳои ӯ нақл мекунад, ташкил карда шуд. Донишҷӯёну устодон ва дигар кормандони донишкада баъди  тамошои филм аз хиёнатҳои нав ба нави аъзоёни ин ҳизби хиёнаткор огаҳӣ пайдо карданд.

 

Дар суратҳо: лаҳзаҳо аз тамошои филм