Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!
Аз фурсати муносиб истифода бурда, бо фарорасии Иди саиди Фитр Шумо дар симоятон кулли мардуми шарафманди Тоҷикистонро табрику таҳният гуфта, бароятон хонаи обод, ризқи фаровон тандурустӣ ва саодати рӯзгорро таманно менамоям.
Дар ҳақиқат, моҳи шарифи Рамазон моҳи ихлосу сипос, меҳру муҳаббат, моҳи худшиносиву худошиносӣ буда, инсонро ба росткорию ростгӯӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, сабру қаноат, иттифоқию муттаҳидӣ ва ваҳдат даъват менамояд. Ин моҳи муборак на танҳо ҳисси худоҷӯию инсоф, инсондӯстиву ҳамдигарфаҳмии моро афзун сохт, балки ба саломатии мо, сиҳатии рӯҳу ҷисми мо, офияти маънавии мо низ манфиати бешумор ато намуд.
Боиси шукргузорӣ ва саодатмандии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкада ва мардуми сарбаланди тоҷик мебошад, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иди саиди Фитр дар фазои сулҳу озодӣ ва ваҳдату ҳамдилӣ ҷашн гирифта мешавад.
Бори дигар, ҳайати профессорону омӯзгорон ва таълимгирандагони ин даргоҳи муборак ва дар симои онҳо тамоми мардуми ҷумҳуриро бо муносибати Иди саиди Фитр муоракбод гуфта, бароятон сиҳатмандиву осоиш, хушбахтиву баракати рӯзгор, имону инсоф ва комёбиҳо орзу менамоям.
Бигзор, сулҳу субот, оромиву осоиш, файзу баракат ва фаровонии рӯзгори хуш дар Ватани маҳбубамон ҳамеша ҳукмфармо бошад.
Иди саиди Фитр муборак!