Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!

Аз фурсати муносиб истифода бурда, бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи Шумо ва дар симоятон кулли мардуми шарафманди Тоҷикистонро самимона табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва хидмати софдилона ба манфиати ободию озодии кишвари азизамон таманно дорам.

Дар воқеъ, таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бесабаб нест, чунки аз ибтидои ба даст овардани Итиқлолияти давлатӣ рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон маҳз аз хизматҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ мегирад.

Чи тавре ҳамагон дар ёд дорем, ки 16 ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида буд. Баъди ба сари ҳокимият омаданаш, ки ба ҳамагон маълум аст, тоҷикон қариб давлати худро аз даст дода истода, пояҳои давлатдорӣ фалаҷ шуда буданд, яъне Тоҷикистонро фазои ҷанги шаҳрвандӣ кашида буд. Лекин ӯ тавонист, ки дар андактарин фурсати таърихӣ миллати тоҷикро сарҷам ва давлатро аз нестшавӣ наҷот диҳад.

Инак, Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи нави рушд ва инкишоф қарор дорад. Дар тӯли зиёда аз сӣ соли баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ маҳз бо ташаббуси бевоситаи ин шахсияти беназир барои Ватан, миллат ва давлати тоҷик тамоми соҳаҳо, хусусан соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон рушд карда истодааст.

Бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил шудани аввалин муассисаи таҳсилоти олии касбии мустақили давлатӣ, яъне Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намунаи беҳтарини корнамоӣ барои миллат мебошад.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!