Устоди Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон,  номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Усмонов Субҳон дар Озмуни ҷумҳуриявии “Асари беҳтарин дар мавзӯи экология”, ки аз ҷониби Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуда буд, иштирок карда, сазовори Сипоснома ва маблағи муайяни пулӣ гардид.

Мо ҳамкорон устодро ба ин дастовардаш самимона табрик гуфта, ба ӯ дар ҷодаи тарғибу ташвиқи ҳифзи муҳити зист муваффақиятҳои нав ба нав таманно дорем.