Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо имзои ректори донишгоҳ Асрорзода У.С. Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро барои ҳамкориҳои судманд дар раванди ташкил ва баргузор намудани 2-юмин Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” бо сипоснома қадрдонӣ намуд.

Раёсати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба раёсати донишгоҳ барои чунин қадрдонӣ изҳори ташаккур мекунад.