12.10.2018. Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо сарпарастии Федератсияи футболи Тоҷикистон Фестивали байналмилалии “Чакан”-ро рӯзҳои 11-14 октябри соли 2018  бахшида ба “Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо ӌалби ҳунармандони Ӌумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориӌӣ ташкил намуданд.
Дар доираи барномаи чорабинии мазкур рӯзи 12.10.2018 дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоӌикистон аз тарафи мутахассисон ва экспертҳои ватанию хориӌӣ, аз ӌумла ИМА, Эстония, Украина, Узбекистон сессияҳои омӯзишӣ тариқи намоиш (презентация) баргузор шуд.