Таҳти ҳамин унвон дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 8 март – Рӯзи Модар чорабинии калони фарҳангӣ баргузор гардид.

Ректори донишкада Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат аз номи раёсат ва иттифоқи касаба занону духтаронро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, аз нақши занону духтарон дар рушди илму маорифи ҷумҳурӣ, бахусус таълиму тарбия дар донишкада сухан ба миён овард. Зикр гардид, ки қариб 70 фисади донишҷӯёни донишкадаро духтарон ташкил медиҳанд ва дар бисёре аз  факултету кафедраҳо кори роҳбариро занон ба уҳда доранд. Зан-модар дар рушди ҷомеаи имрӯза ва хоҷагии халқи Тоҷикистон, хоса соҳаҳои маорифу тандурустӣ нақши асосӣ ва ҳалкунанда мебозад.

Тантанаи Рӯзи Модар бо базми рақсу суруди дилнишин дар васфи модар аз ҷониби гурӯҳи муштараки санъаткорони Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода ва донишкада дер гоҳ идома ёфт.