Кунун, ки умрам ба ҷойе расидааст, фаҳмиши «рафтани инсон аз ин олам» ва дар чунин ҳолатҳо чи гуна будани вазъи руҳиву ҷисмонии одамони дар ҳаётбуда маро ба фикру андеша кардан водор месозад. Дар чунин ҳолатҳо бо он ғаму андуҳе, ки дили шахси наздиконаш гумкардаро фаро гирифтааст, чи коре карда метавонӣ? Аниқтараш, гоҳе ки дарду ғам, андуҳи беканоре дили маро нисбат ба фавти нобаҳангоми дӯстони наздик, ҳамкасбони бомаҳоратам, хешу ақрабои дуру наздикам фаро мегирад, гаштаю баргашта ба худ савол медиҳам: чаро, чаро ва боз чаро?..
Дар чунин мавридҳо ман худро гунаҳкор мешуморам, ки чаро ба ҳар яке аз даргузаштае диққати лозимӣ ва саривақтӣ надодам, гуфтаниҳояшонро нашунидам, худам ба онҳо изҳори сипосгузорӣ накардам ва муҳаббати беканорамро нисбаташон нагуфта мондам ва ғайра…Дигар чи илоҷ? «Худкардаро даво нест, вовайлои пинҳонӣ». Ҳар гуфтаеро, ҳар кори некеро саривақт ва доимо кардан лозим аст, чунки пушаймонӣ суде надорад.
Хонандаи азиз! Шояд Шумо фикр мекунед, ки ин суханҳоро ман барои тасаллои дилам, ё соқит кардани гуноҳам мегӯям? На, ҳаргиз! Мехоҳам ба ҳамаи наздикон, шиносҳои хубам, ҳамкасбу шогирдонам, мухлисони касбу ҳунарам, ки дар қайди ҳаётанд (бигузор садҳо сол умр бинанд!), суханҳоям сабақ шаванд ва Худо накунад, ки рӯзе ба худ гаштаю баргашта саволи «чаро, чаро ва боз чаро» диҳанд.
13 январи соли 2020 бахшида ба 60-солагии рассоми шинохта, шодравон ва зиндаёди тоҷик, собиқ Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, декани факултети санъати тасвирии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Фаррух Хоҷаев дар толори донишкадаи мазкур намоиши асарҳояш баргузор шуд. Ин иқдом бо ташаббуси ҳамсару фарзандон ва хешовандонаш, бо дастгириву саҳмгузории роҳбарияти донишкада амалӣ гардид. Шоми ҳамон рӯз дар толори меҳмонхонаи «Серена»-пойтахт қаламиҳояш (графика) ба намоиш гузошта шуданд.
Дар ин намоишгоҳ тамоми мухлисону шогирдони Фаррух, дӯстону хешовандон ва ҳамкасбонаш ҷамъ омада, аз Ӯ ёдоварӣ намуда, асарҳои эҷодкардаашро тамошо мекарданд ва суханони нек мегуфтанд, вале бо сари хам, дилҳои пур аз дарду алам ва бо сад афсӯсу афсӯс!
Аз рӯзи маргаш вақти зиёде нагузашта бошад ҳам, аз сару хаёли ман шабу рӯз фикрҳои «Чаро чунин ногаҳонӣ? Чаро фикру андешаамро шахсан ба худаш кам гуфтам? Оё Ӯ медонист, ки барои ман доимо бародари хурдӣ, эркаи ака, ҷавонмарди қавиирода, нотарс, инсондӯст буд. Чаро маҳз ба худи Ӯ аз эҷодиёташ, аз ҳунармандиву навовариҳояш кам мегуфтам? Ё метарсидам, ки нисбати шахсияти Ӯ таърифро бисёр кунам, аз худ меравад? На, Ӯ аз чунин фаҳмишҳо дур буд, бадиву бахилиро намефаҳмид, агар фаҳмад ҳам, чун шахси боназокат аз онҳое, ки чунин хислат доранд, худро дур мегирифт ё рӯирост ба рӯяшон мегуфт…
Боз ҳам диламро тассало медиҳам, ки даҳ сол пеш дар ифтитоҳи намоиши ҷашни 50 – солагияш, 13 январи соли 2010 дар толорҳои «Галереяи ба номи Валимад Одинаев»- и Коллеҷи рассомии ба номи М. Олимов баромад карда, дар он Фаррух Хоҷаевро ҳамчун пешрав (авангард) дар байни рассомони насли худаш ва яке аз беҳтаринҳо номида, таъкид намуда будам, ки Ӯ дар ақида ва касби интихобкардааш дорои услуби хоси эҷодӣ ва хеле устувор мебошад. Тасдиқи ин устувории услуби эҷодиёти Фаррухро бори дигар дар намоиши асарҳои навэҷодаш, ки даҳ сол пас ва баъдан бори охир, пас аз вафоти бемаҳалаш ба намоиш гузошта буданд, дидам ва қоил гаштам.
Ба ман дар ин маърака сухан доданд. Ҳамаи он ҳарфу фикрҳоеро, ки даҳ сол пеш гуфта будам, такрор кардам, хулосаҳои худро нисбат ба асарҳову эҷодиёташ иброз намудам, вале ғаму андуҳ гулӯгирам мекард, фикрҳоямро парешон месохт. Дар сарам танҳо: «Чаро дар зинда буданаш хулосаҳои касбиямро Ӯ нашунида рафт!?»- чарх мезад.
Фаррух Хоҷаев аз ман қариб 15 сол ҷавонтар буд. Баъди хатми Донишкадаи рассомии шаҳри Тошканд ба Душанбе омада, дар Омӯзишгоҳи рассомии онвақта(ҳоло Коллеҷи рассомии ба номи М. Олимов) ҳамчун муаллими дарсҳои тахассусӣ кор мекардам ва Фаррух донишҷӯйи он буд. Расмҳои кашида ва корҳои шогирдонаи Ӯро дар вақти имтиҳонҳои касбӣ медидам, аммо диққати маро ба худ он қадар ҷалб наменамуданд. Баъди хатми омӯзишгоҳ ба Ӯ ҳамчун рассоми ороишгар ба рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» роҳхат доданд. Сармуҳаррири он рӯзнома устод Гулрухсор Сафиева буданд. Солҳо мегузаштанд ва ман Фаррухро намедидам ва намедонистам, ки Ӯ ба чӣ корҳо машғул аст ва аз эҷодиёташ низ намешунидам.
Соли 1982 рӯзе ба корхонаам Гулрухсор ташриф оварданд. Баъди дидани корҳои эҷодиям диққати Ӯро баъзе корҳои қаламиам (графика) ҷалб намуданд. Ӯ пешниҳод намуд, ки китоби нави шеърҳояшро барои чоп ороиш диҳам. Ҳарчанд исрор кардам, ки мутахассиси ороиши китоб нестам, ноилоҷ супориши Гулрухсорро ба уҳда гирифтам. Бо хамин тавсияи устод Гулрухсор даст ба ин касб задам. Баъди се моҳ Гулрухсор маро даъват карданд, ки омада маҳсули корҳои ба анҷом расондаамонро бори дигар аз назар гузаронем ва китобро ба чоп супорем. Мо ба нашриёти «Адиб» рафтем, ки роҳбарии онро Собирҷон Хоҷаев-падари Фаррух ба уҳда дошт. Ин шиносоии аввалини ман бо ин шахси донишманду муътабар буд. Собирҷон-ака ба ман бисёр маъқул шуд ва Ӯ низ ба шахсияти ман як рағбати хосае пайдо намуд, ки баъдан бо дӯстии мо то охири умр идома ёфт. Соли 1992 мо ба маҳаллаи онҳо кӯчида омадем ва ҳамсоя ҳам шудем.
Дигар ман Ӯро дар вақти аз кор баргаштан ва ё ба кор рафтанаш, ё тасодуфан аз кӯчаи мо гузар карданаш медидам ва суҳбатҳо мекардему таклифи ба хона даромаданро ҳам аз ёд намебаровардем. Дар чунин мавридҳо Ӯ дар бораи писараш Фаррух ҳам ҳарф мезад ва мехост фикру андешаи маро оид ба эҷодиёти писараш шунавад, вале ман он вақтҳо чизе гуфта наметавонистам. Ба дӯстам ваъда медодам, ки ҳатман бо Фаррух шинос ва наздик мешавам.
Он вақтҳо Фаррух бо дигар рассомони таҷрибадор ва шинохтае, ки таҳти роҳбарии Собирҷон-ака дар нашриёти «Адиб» хамчун ороишгари доимии китобҳо кору фаъолият доштанд, ҳамкорӣ менамуд. Ҳамзамон ба шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи полиграфии Украина дар шаҳри Лвов дохил шуда, ҳам мехонд ва ҳам ба эҷод машғул буд. Гоҳ-ногоҳ тасвирҳои Ӯро дар намоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ медидам ва ба эҷодиёташ бодиққат нигариста, ҳис мекардам, ки сол ба сол ҳунари Ӯ сайқал меёбад. Дар ин бора фикрҳоямро дар вохӯриҳоямон бо падараш муҳокима менамудем.
Ногуфта намонад, ки солҳои 1980-1990 баъди таҳсил дар Донишкадаҳои ихтисосҳои тасвирии шаҳру ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хатмкунандагони зиёде ба ҷумҳуриамон баргаштанд ва сафи рассомони ҷавони тоҷик зиёд гардид. Ин насли наве буд, ки дар санъати тасвирии муосири тоҷик як саҳифаи наверо кушод ва онро бою ғанитар гардонд. Онҳо ба санъати мусаввирии тоҷик назарияҳои нав, услубу равияҳои пайдокардаи худро оварда, мавзӯъ ва шаклҳои тасвирро гуногунранг сохтанд.
Дар миёни он шахсон Фаррух Хоҷаев, чи бо намуди зоҳирии худ (ҷавони қадбаланд, марғуламӯй, паҳлавонҷусса ва ниҳоят зебо) ва чи дунёи ботиниаш (босавод, забондон, соҳиби дониши мукаммали касбиву ҳунарӣ), аз ҳамкасбонаш ба куллӣ фарқ мекард.
Ӯ зодаи оилаи зиёиёни тоҷик буд. Падараш Собирҷон Хоҷаев маорифпарвар, китобшинос, аъзои фаъоли ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии пойтахтамон, роҳбари нашриётҳои бонуфузи Тоҷикистон – «Адиб» ва «Ирфон», ҳамнишини олимони шинохтаи тоҷик, санъаткорон, шахси донишманду бомаърифат (писархонди вафодори шоира Розия Озод- модари Бобоҷон Ғафуров), марди ботамкин ва хоксору инсондӯст буданд. Модари Фаррух – олим, муаррих, муаллимаи Донишкадаи педагогии Тоҷикистон буданд. Онҳо фарзандонашонро тарбияи хуб дода, инсонгарӣ, дӯст доштани Ватану миллати худ, донистани таъриху фарҳанги диёрашонро омӯзонда буданд, ки минбаъд барои устувору мустаҳкам гаштани иродаи онҳо дар зиндагии ҷамъиятӣ ва оилавӣ, дар интихоби касбу ҳунари ояндаашон замина шудааст.
Чунин хислатҳои некро Фаррух ҳам доро буд. Дониши мукаммали касбӣ доштани Ӯро ман на танҳо дар асарҳояш ва инчунин дар суҳбатҳои касбиаш медидам. Агар ба ҳаяҷон меомад, бо овози баланди ширадораш сухан мекард ва диққати ҳамсӯҳбатонашро ба худ ҷалб менамуд. Шеваи зебои гуфтори кӯҳистонияш ба ҳусни Ӯ ҳусни бештаре мебахшид ва ба падари раҳматияш бисёр монандӣ мекард. Умуман, чи дар сурату чи дар сират, чи дар эҷодиёту кораш аз ҳамсолони эҷодкораш Фаррух фарқ мекард. Тарзи сохтан, шакли тасвирҳояш, устухонбандии (композитсияи) онҳо асосан аз нақшбандиҳои миллӣ ва мардуми тоҷик бармеоянд. Хато намекунам, агар бигӯям, ки дар ҷодаи санъати тасвирии муосири тоҷик Фаррух ҳамчун навовар ба саҳнаи ҳунар ворид гаштааст. Хусусан дар интихоби мавзӯъ, шакл ва услуби пайвандкунии шаклҳои миниатюраи тоҷик бо дигар шаклҳои тасвирии ҷаҳонӣ, ба мисли тасвириҳои Чин, Ҷопон, Ҳинд ва дигар кишварҳои Мағриб беҳамто буд. Чунин сабкро дар эҷодиёти ягон рассоми дигари тоҷик дида наметавонед.
Фазои ҷустуҷӯҳои эҷодии Фаррух ҳадду канор надоштанд. Графика акнун барои фазои эҷодиёти Ӯ тангӣ мекард. Андешаву тахаюли худро бо шаклу рангҳои нав дар нигориш (живопис) дарёфта, асарҳои зиёде эҷод намуд, ба намоишҳо гузошт, мухлисони зиёде пайдо кард, вале ба ин қонеъ намегардид. Бо гузашти вақти муайяне Ӯ ба ҳайкалтарошӣ рӯ овард ва дар ин самти санъати тасвирӣ низ муваффақ гашт. Ҳатто дар кулолгарӣ ҳам ба натиҷаҳои хуб ноил шуд. Инчунин Фаррух аз ҳамаи ҷараёнҳо ва равияҳои санъати тасвирии давру замонҳои умумумибашарӣ, ба монанди: «аҳди эҳё», «класситсизм», «романтизм», «импрессионизм», «неореализм», «сюреализм», «футуризм», «абстрактсионизм» бохабар буд.
Гоҳ-ногоҳ ба устохонааш медаромадам. Ӯро дар авҷи эҷод медидам. Фаррухро шинохта намешуд. Ӯ миёни чор девори устохонааш, ки бо асарҳои хурду калони қаламӣ (графика), нигораҳову манзараҳояш ороста буданд ва ҳайкалчаҳои аз туфсанг тарошидааш, ки дар рафҳое болоиҳам гузошта буд, бо пешбандаки ба тан доштааш ба Коваи оҳангари Абулқосим Фирдавсӣ шабоҳат дошт. Дар ин лаҳзаҳо аз дилам мегузаронидам: «Фаррух дигар он писарбачаи донишҷӯйи ҷавон нест, ки медонистамаш. Ӯ шабоҳате ба марди паҳлавонҷуссаи афсонавӣ дорад. Аҳсан ба модари тоҷик, бо чунин фарзанди боистеъдодаш!».
Таассуф мехӯрам, ки заҳматҳои Фаррухро дар зиндагияш чандоне ки боистӣ, қадр накарданд. Чунин як эҷодкори сермаҳсул ва сазовор бо ҳазл мегуфт, ки «унвони ман – асарҳоям, эҷодиётам мебошанд». Ӯ метавонист аз мансабаш истифода барад, вале ин корро ба худ раво надид. Хазинаи Осорхонаи Миллии Тоҷикистон метавонист дар ин муддат ягон асари Фаррухро харидорӣ намояд, вале афсӯс ки накард. Харидорони сершумори асарҳои Фаррух асосан меҳмонони Тоҷикистон- хориҷиён буданд, зеро мухлисони ватанӣ ва ҳақиқии санъати тасвирии тоҷик ҳоло хеле ва хеле каманд ва ба қадри он намерасанд.
Фаррух ба ғайр аз рассоми чирадаст буданаш, муаллим ва омӯзгори хубе буд. Дар давоми умри начандон дарозаш шогирдони зиёдеро ба воя расонидааст, дасташонро рост карда, соҳиби касбу кор кардааст. Ҳамчун устод Фаррух нахустин шуда дар омӯзишгоҳи рассомӣ шуъбаи графика – ороиши китобро кушод, ки то ба имрӯз мутахассисони ин навъи санъати тасвирӣ дар ҷумҳуриямон таълим мегиранд. Ташкилотчиву ҷамоатчии хуб низ буд. Ӯ дар ҳаёти ҷамъиятии Коллеҷи рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Иттифоқи рассомони Тоҷикистон фаъолона иштирок менамуд.
Вақте ки Фаррухро ҳамкасбонаш Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон интихоб намуданд, Ӯ худро ҳамчун роҳбари дилсӯзу вафодор нишон дод. Гарчанде раисии Ӯ ба давраҳои на он қадар хуби вазъи сиёсию иҷтимоии ҷумҳурӣ рост омада буд. Моликияти Иттифоқи рассомон ба монанди иморату толорҳову намоишгоҳҳо «приватизатсия» шуда буданд. Фаррух тавонист намоишҳоро барқарор созад. Дар давраи роҳбарияш чандин бор намоиши асарҳои рассомони тоҷикро дар Конфедератсияи байналмиллалии рассомони собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Москва баргузор намуд. Бо дастгирӣ ва кӯмаки Конфедератсияи номбурда чандин албомҳои касбӣ аз чоп бароварда шуд, ки кору фаъолияти рассомони тоҷикро ба мухлисонашон муаррифӣ менамоянд. Хусусан албоми бахшида ба 80-солагии Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва албоми асарҳои рассоми шинохтаи тоҷик Муриват Бекназаров ҷолиби диққатанд. Фаррух ният дошт, ки боз албомҳои якчанд рассоми дигари тоҷикро низ ба Конфедератсия пешниҳод намояд ва ба навбат аз чоп бароянд, вале сад афсӯс, ки фаъолияти ин Конфедератсия ҳам қатъ гашта, тамоми бинову иншоотҳои он насиби Иттифоқи рассомони Федератсияи Россия шуданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, роҳбарияти Иттифоқи рассомон дар миқёси ҷумҳуриву шаҳри Душанбе ва хориҷи кишвар чандин конфронсҳо, намоишҳои ҷолиби диққат баргузор намуданд.
Фаррух Хоҷаев аз корҳои ба сомон расонидаи Иттифоқи рассомон, фаъолияти роҳбарияти он, бурду бохт, камбудиву норасогиҳои объектививу субъективӣ дар самти дастгирии рассомони тоҷик, проблемаҳои ҷойдоштаи санъати тасвирии муосири тоҷик дар мусоҳибааш бо хабарнигори рузномаи «Вечерний Душанбе» ва саҳифаҳои интернет (соли 2013) бо як дилсӯзиву ҳаяҷони танҳо ба Ӯ хос, ба хонандагон иттилоъ медиҳад, ки ҳанӯз ҳам моҳияташонро гум накардаанд.
Мехоҳам аз паҳлуҳои дигари фаъолияти Фаррух бигӯям. Суханрониҳову андешаҳои хосаи Фаррух дар маҳфилҳову нишастҳои ҳамкасбону дӯстон сифатҳои нотакроре буданд, ки паҳлуҳои норӯшани фаъолияти Ӯро ифода мекарданд.
Вақте ки дар устохонаи ягон ҳамкасбамон ҷамъ меомадем, (бештар дар коргоҳи Карим Наҷмиддинов, яке аз дӯстони наздиктарини Фаррух), албатта, дар атрофи ягон асари навэҷод суҳбат мешуд. Дар ин гуфтугузорҳо ва баҳсу мунозираҳои касбии эҷодкорон андешаҳову далелҳои инкорнопазири Фаррух Хоҷаев дар як лаҳза диққати ҳамагонро ба худ ҷалб менамуд. Такрор шавад ҳам, мегӯям, ки ҷозибаи сурату сирати зебояш, овози баланди шевои кӯҳистониаш, ки танҳо хоси Фаррух буд, ҳамаро мафтун мекард. Ҳамагон хомӯш мешуданду ба «лексия»-и Фаррухи ба эҳсосот додашуда оид ба таърихи санъат, таърихи Тоҷикистон, таърихи умумибашарӣ ва ҳар мавзуе, ки ба миён меомад, гӯш меандохтанд. Ба донишмандиву босаводии Ӯ касе аз ҳамкасбонаш баробар шуда наметавонист.
Соли 2016 бо фарзандам Муродҷон, бо даъвати Конфедератсияи рассомони байналмиллалии Россия ба шаҳри Москва, барои иштирок дар намоиши асарҳои рассомони давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ҳамчун намояндаҳои Тоҷикистон сафар доштем. Ба ин намоиш намояндагони Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистону Қирғизистон, Беларус, Молдова, Озарбойҷон, Арманистон ва дигар ҷумҳуриҳо низ омада буданд. Ҳангоми муҳокимаҳои касбӣ тамоми иштирокчиёни маҳфил дар суҳбатҳояшон хислатҳои зеҳнӣ, фозиливу пурдонии (эрудитсияи) Фаррух Хоҷаевро махсус қайд мекарданд ва дар чунин лаҳзаҳо ман аз ҳамдиёрам фахр мекардам.
Вохӯрии охирин: Як ҳафта пеш аз реҳлати абадиаш, баъди кор аз устохонаам баромада, бо «маршрутка» то истгоҳи маҳаллаи «Водонасосная» рафта, сӯйи гардиши хонаам қадам мезадам, ки садои ошное номи маро гирифт. Рӯ ба рӯям Фаррух меистод. Чанд рӯзҳое буд, ки мо якдигарро надида будем ва қариб Ӯро нашиносам. Бо сарпӯши варзишӣ, ки мӯйҳои ҷингилаи базебаш дар зери он ноаён буданд, қомати баланду паҳлавонҷуссааш бо рангу рӯи андаке парида, каме хамида намуд дар назарам. «Э, Фаррухҷон! Қариб ки нашиносамат! Ту одами бодавлативу боз бадавлаттар мешавӣ!». Ӯ маро аз ҳарвақта дида сахттар ба оғӯш кашид ва табассуми зебандаашро ба ман тақдим кард. Аз ин дидор дилам равшан гашт. Мо аз ҳолу аҳволи якдигар пурсон шудем ва Ӯ ба ман нигариста гуфт: «Акои Сабзалӣ! Дар гардиши кӯчаатон дидед, ки тарабхонае кушодаанд бо номи «Фарғона». Намешавад, ки ба он ҷой даромада каме шинем, чун давраҳои пештара барин суҳбат кунем?».
Вақти пурсупосам аз вазъи саломатиаш мегуфт, ки «Сари синааш сӯзиш дораду ҳоло табобат мегирад» ва ҳаминро баҳона карда шӯхиомез гуфтам: «Узр Фаррухҷон. Даври рестораншинии ман гузаштааст ва акнун гӯшанишиниро пеша кардаам». Фаррух дар ҷавоб: «Ин тавр, ки бошад, акоҷон (бо он табассуми зебои ҳамешагияш), ман рафтам!» гуфту ба сӯи хонааш равон шуд. Як ҳафта пас хабари марги Фаррухро шунида, ба ҳолати садамаи сахт (шок) гирифтор шудам. Вой бар ҳоли ман!
Хонандаи азиз! Акнун сад пушаймонам, ки чаро ҳамроҳаш нарафтам, пушаймонам аз он, ки вақтҳои охир ҳини суҳбатҳомон баҳсу мунозира карда, ба нофаҳмию норозигиҳои беҳуда ҷой додем. Фаррух, ки инсони бекина буд, парвое намекард ва мегуфт: «ин меъёрҳои муносибатҳои одамони замонавист», аммо ман чӣ кор кунам?
«Ман рафтам»- и Ӯ бароям хайрухуши охиринамон будааст. Чаро…? Ӯ дар дилаш чӣ гуфтаниҳое дошт, ки мани сарсахт ба пешниҳодаш розӣ нашудам? Рози дилашро, дили дардмандашро нашунидам. Чаро мо одамон гоҳе ин қадар беандешагӣ мекунем нисбати якдигар, хусусан нисбати наздиконамон, дӯстонамон, ҳамкасбу ҳамсабақонамон? Меҳрпарвариҳоямон куҷо шуда бошанд? Чаро боз як дӯсту ҳамкасбам, бародари хурдиям, ки ба Ӯ метавонистам рози дил кунам, то тасаллои дили якдигар бошем, олами ҳастии маро як ҳафта пас аз вохӯриямон тарк намуд?..
Албатта, дар чунин мавридҳо одамон кӯшиш мекунанд, ки худро ба даст бигиранд, дилашонро ором созанд ва барои ҳамин ҳам «зиндагӣ давом дорад, шукри зиндаҳоро кунед, ё «инсон шири хомхӯрда аст» мегӯянд.
Ман ҳам бо шири сафеди модар сабзида ба воя расидаам, пастиву баландиҳоро дида, ба ин рӯзҳо омадаам. Қисмат ба ман чунин касбу ҳунар, устодон, ҳамкасбону дӯстони ҷониро раво дид, соҳиби тамоми неъматҳои хуби зиндагӣ кард. Аммо сад афсӯс, ки аксари онҳоеро, ки ман дӯст медоштаму онҳо маро, ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд! Ман бошам, ҳоло ҳам меҳмони ин дунёям.
Худро ҳеҷ бахшида наметавонам, ки дар буданашон ҳамаи фикру андешаҳоямро дар бораи шахсияташон, истеъдодашон, ҳунарҳояшон ба онҳо нагуфтам ё ин ки кам гуфтам. Чаро аз гуфтан худдорӣ мекардам? Шояд мегуфтам, имрӯз бароям ин қадар мушкил намешуд!.. Акнун болои саҳифаҳои коғази сафед розҳову эҳсоси диламро мерезам.
Хонандагони азиз! Бо маъзарат аз Шумо даъват мекунам, ки ба мисли ман ба хатоҳо ва иштибоҳҳои ислоҳнашаванда роҳ надиҳед, то ки пешорӯятон саволи чаро, чаро ва боз чаро сабз нашавад. Боқӣ, дар паноҳи Парвардигор бошед!
Сабзаалӣ Шарифов,
Рассоми халқии Тоҷикистон, дорандаи Мукофоти давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, профессор