Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат,

ректори Донишкадаи давлатии

санъати тасвирӣ ва дизайни

Тоҷикистон

 

Устодони илму маориф ва донишҷӯёни муҳтарам!

Раёсати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон шумо ва дар симои шумо тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, дар фаъолияти омӯзгорию ҳунаромӯзӣ ва зиндагии шахсиатон барору комёбиҳо таманно дорад.

Парчами давлатӣ нахустин нишонаи муқаддасоти ҳар миллат, рамзи ҳувият, давлатдорӣ, ягонагии халқҳои як сарзамин аст. Парчами давлатӣ симои сиёсии ҳар кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон таърих ва суннати қадима дошта, аҷдодони мо ҳанӯз аз замони Каёниён соҳиби Дирафш(парчам) буданд, ки соҳибдавлатиашонро ифода мекард. Парчам аз зумраи рамзҳое мебошад, ки симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил, соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд ва соҳибтамаддун дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ менамояд. Парчами миллии мо  имрӯз ҳамчун  нишони азму иродаи устувори мардум бо  рамзи тоҷи зарин ва ҳафт ситораи дурахшон  бори дигар  аз асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву шукуҳи ватандории  мардуми ин сарзамин башорат медиҳад.

Бори дигар ба ҳамаи шумо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!