Имрӯз, 16-уми майи соли 2024 дар Муассисаи давлатии “Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов” бахшида ба 35- солагии фаъолияти илмӣ – эҷодии муовини ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ, номзади илмҳои таърих, дотсент Одиназода Бахтиёр Эмомалӣ Конференсияи илмӣ – эҷодӣ зери унвони “Роҳи пурасрор” баргузор гардид.