Ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, ки 27 декабр баргузор гардид, ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кафедраи “Санъати ороиши амалӣ ва монументалӣ” (мудири кафедра М. Бойматова), дар бораи ҳолати корҳои илмӣ-эҷодӣ дар соли 2021 (муовини ректор оид ба илм ва корҳои эҷодӣ Б. Одиназода), оид ба фаъолияти китобхона (мудир Б. Ёғибекова), маълумот дар бораи комиссияҳои ҷамъиятӣ доир ба масъулияти падару модар, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо (котиби комиссия М. Эсанов), ахборот дар бораи рафти имтиҳонҳои сессияи зимистона (муовини ректор оид ба таълим Ҷ. Худойбердиева)  ва дигар масъалаҳои ҷориро шунида, мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод.

Аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.