Дар асоси супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 марти соли 2023, №6590(26.4) гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ва шиносоӣ аз муассисаҳои фарҳанги вилоят сафарбар шуданд.
Гурӯҳи кориро ноиби ректор оид ба илм ва корҳои эҷодии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон- Одиназода Бахтиёр, сардори раёсати таълими Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода- Арабов Фирдавс, сармутахассиси раёсати санъати Вазорати фаҳанг- Айдаршозода Диловар ҳамроҳӣ менамоянд.
Зимни суханронии хеш Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода қайд кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми қаблии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки «Мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рӯ оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷой кунем».
Бешак, дар замони истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи фарҳанг мақоми арзанда касб намуда, бо мақсади беҳдошти фазои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа як силсила қонун ва барномаҳои давлатӣ, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи фаъолияти китобхонаҳо», «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ», «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ», «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ», «Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо», «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ», «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи табъу нашр», «Дар бораи ҳифзу истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ», Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи рушди мусиқии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015, Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таълимии фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007–2010, Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисоси соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр барои солҳои 2007–2010 ва 2017-2022, Барномаи давлатии рушди мусиқии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2015, Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013, Барномаи компютеркунонии муассисаҳои давлатии нашриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013, Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020, Барномаи рушди санъати театр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2019, Барномаи рушди муассисаҳои фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии рушди соҳаи табъу нашр ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 ба тасвиб расиданд, ки ба пешрафту такомули фарҳанги миллӣ такони бузург бахшиданд.
Дар Паёми Сарвари давлат зикр гардид, ки “Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст”.
Итминони қавӣ дорам, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саъю талошҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат халқи азизи мо бо дарки амиқи масъулият тамоми неруи хешро баҳри рушди минбаъдаи ҳаёти ҷомеа, ташаккули фазои сулҳу суботи пойдор, шинохти таърихи гузаштаву имрӯза ва таҳкими эҳсоси худшиносию ватанпарастӣ равона намуда, дар татбиқи муваффақонаи ҳадафҳои созандаву бунёдгаронаи миллӣ нақши бориз мегузоранд”.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон