ПАРЧАМИ МИЛЛӢ РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Нозири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус

Рузматзода Ғолибҷон

      Парчами миллӣ ифодагари  иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми қуҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

                                                                                         Эмомалӣ Раҳмон

     Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Парчами давлатии Тоҷикистон  ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди Миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад, ки дар иҷлосияи таърихии  XVI – уми Шӯрои Олии ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд.
24 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии раиси  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Иҷлосияи 16-уми  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Яке аз масъалаҳое, ки дар рузномаи иҷлосия баррасӣ гардид «Парчами давлатӣ ва нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд.
Парчами миллӣ имрӯз нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориёнтаборамон бо тобиши се ранг мавҷуд мебошад:

  1. Ранги сурх-рамзи озодиву мубориза, ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол.
  2. Ранги сафед- нишонаи сулҳу оромӣ бахту саодат, умеду орзу.
  3. Ранги сабз- нишонаи ободиву хуррамӣ, сарсабзиву шукуфоӣ ва сарбаландиву абадият .

Дар байни парчам тасвири  тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ ва ҳафт ситораи  дурахшон яъне ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории мавҷудияти тамаддуну  фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкари асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзамини  соҳибистиқлоламон башорат медиҳад.

Аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифати мо соҳиби Парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Равобити дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо бисёр кишварҳои хориҷӣ густариш ёфтанд, давлати мо узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардида, имрӯз Парчами миллии мо дар қатори  парчами дигар кишварҳо дар созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ ҷойгир гардидааст, ки ин, бегумонмояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони  мо мебошад.
24 ноябри соли 2010 бо иштироки Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе  дар паҳлуи чапи Қасри миллат санги асос ва нома ба наслҳои ояндаро  бо буднёди Парчами  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон расман оғоз бахшид.
30 августи соли 2011 бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбеи нозанин  Парчами  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165-метр, баландии парчам 30 метр дарози ё паҳноияш 60 метр мебошад,  ки яке аз баландтарин парчамҳо дар ҷаҳон аст, парафшон гардид.
Пояи Парчами давлатӣ бо чунин баландӣ аз ҷониби бинокорони корхонаи Алюминсохмон ва ширкати байналмилалии Трейдент Соппон бунёд ёфтааст.
Парчами давлатӣ бар фарози биноҳои қароргоҳи расмии Президенти кишвар, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроияи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат, гузаргоҳҳои марзиву гумрукӣ ва дигар ҷойҳо доимо афрохта шуда, парафшонӣ мекунад.
Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.
Дар конфренсияи имруза бахшида ба рӯзи парчами миллӣ  ки ба хотири эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ, инчунин бо дарназардошти нақшу моҳияти он дар тарбияи ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии мардум аст айни мудао мебошад.
Итминон дорам, ки рӯз аз рӯз эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллии кормандону устодон ва донишҷӯйён боз ҳам бештар гардида, онҳо минбаъд низ дар зери Парчами миллӣ муттаҳид мешаванд ва бо муҳаббату садоқат ба Ватан барои ободии сарзамини аҷдодӣ ва пешрафти давлати соҳибистиқлоли худ саъю талоши бештар мекунанд.
Ҳамчунин ба ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвар муроҷиат карда, онҳоро даъват менамоем, ки аз Парчами миллии худ ифтихор кунанд, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлоли Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо оранд, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандону донишҷӯйён ва ҷавонону наврасон ҳамеша талқин намоянд.
Адабиёти истифодашуда

  1. «ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ). Душанбе: «Ирфон»-2012, 4-79 саҳ.
  2. Низомнома дар бораи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 декабри соли 1999 бо Қарори № 892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.
  3. Сомонаи интернетии Википедиа.